ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Агар боло набошад, инҳо дар як сол оламро фаромӯш мекунанд.
Ва дар боло як ҳайҷойи дигар буд, – коммунистони асил ва асосгузорон ва ҷонфидоёни сотсиализм, ки ғайр аз ғалабаи коммунизм дар рӯйи ҷаҳон ва несту нобуд кардани капитализм, шавқу завқ ва орзуву ормони дигаре надоштанд, аз сол ба сол дар сари кор кам мемонданд, ва коммунистони тайёрхӯр бисёр меомаданд; ва охирин бунёдгузор дар як сӯҳбати хоса луқма партофт, ки сафи коммунистон олуда шудааст, коммунистони ба ғояҳойи коммунистӣ содиқ каманд; ва болонишинон аз мансби худ ва ҷони худ тарсиданд, – боз тоза кардани сафҳойи ҳизб сар мешавад! Ва бо кӯшише, ки худҳошон зинда ва дар сари кор бимонанд, дасисаву ҳиллаву найрангро силоҳ сохтанд, ва ғаддоронаву бомаслиҳат пири ботадбири сотсиализмро заҳролуд карданду куштанд, ва маргашро ду рӯз аз халқ пинҳон доштанд, ва мансабҳоро байни худ тақсим карданд, ва ба маснади ӯ Кункалларо биншонданд, ки дастпарвари худамон аст ва аз хати кашидаамон берун намеравад.
Ва даҳ рӯз ҳамроҳи мардум мотам гирифтанд.
Ва баъди даҳ рӯз, баъди ҷасади ӯро Мавзолей бурда дар паҳлӯйи Ленини абадзинда хобонидан, пленуми ғайринавбатӣ даъват шуд, ва пленум Кункалларо котиби генералии ҳизби коммунисти Иттиҳоди шӯравӣ интихоб кард.
Ва Кункалла тахаллуси ҳизбии вай буд. Солҳойи аввали Ҳокимияти шӯравӣ кони ангишти Донбасс ҳар сол як ташаббус нишон медод, – дар як баст баробари ду баст ангишт кандан, нақшаи панҷсоларо дар чор сол иҷро кардан…, – ва он солҳо вай, чун роҳбари сиёсии ҳавзаи ангишт, хеле шӯҳрат дошт, ва дар мавзӯи «роли роҳбарикунандаи ҳизб»
ваъз гуфтанро нағз медид; ва боре ба чоҳи ангиштканон даромад. Ва вақти танаффуси онҳо ваъз мегуфт, ки шифти чоҳ фурӯ рафт ва ҳозирон таги сангу хок монданд; ва халосгарон омаданд, ва онҳоро халос карданд, ва маълум шуд, ки воиз, ғайр аз кун ва сар, дигар узви зинда надорад; ва беҳтарин ҷарроҳҳоро оварданд ва ҷарроҳон кунро гирифтанду ба сар дӯхтанд, ва ӯ сиҳату саломат ба ҷойи кораш баргашт, ва ҳамсафони ҳизбияш ба вай тахаллуси Кункалла муносиб диданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо