ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва мухбирон очеркҳо навиштанд ва носире роман навишт аз иродаи беҳамтойи Кункалла, ки намунаи воло ва гӯёи садоқат ба ғояҳойи коммунистист, ва чунин одамонро фақат ҳизби коммунистӣ ва ҷомеъаи сотсиалистӣ тарбия ва ба воя расонида метавонад.
Ва Кункалларо бурданд ба вилоят ва ҷонишини котиби якуми кумитаи ҳизбии вилоят таъин карданд, ва вакили халқ дар Шӯройи Олӣ шуд, ва ҳамин хел аз мансаб ба мансаб рафт то аъзойи бюройи сиёсӣ, ва инак, Котиби Генералӣ.
Ва он гурӯҳе, ки Кункалларо кофтанду ёфтанду бардоштанд ва ба курсии олӣ бинишониданд, бовар доштанд, ки дар бозиҳойи сиёсӣ вай аз як лӯхтак бештар мақоме нахоҳад дошт, валекин дар амал вай сиёсатбозиҳое кард, ки ҳамаи онҳо лӯхтаки дасти ӯ шуданд, – аввал маршали аз онҳо норизову озурдахотирро оварда Вазири мудофиа монд, баъд як аъзойи бюро, ки сусту мусту латта буд, бо пешниҳоди ӯ, Раиси шӯройи вазирон шуд; ва бо такия ба ин ҳарду дигаронро дар ҳоли ноустуворе гирифтор кард, ки аз сояи худ метарсиданд, ва хости ӯро хости ҳизб медонистанд.
Ва Кункалла ба Конститутсия ва ба оиннома ва ба Барнома тағйиротҳо даровард; ва ин ҳуҷҷатҳойи калидӣ, ки дар ҳаҷм хурд ва дар маънӣ бузург буданд, пас аз тағйиротҳо дар ҳаҷм бузург ва дар маънӣ хурд шуданд; ва Сарвазири Британияи Кабир ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нома фиристонид, ки «Ман ба давлати шӯравӣ зарарҳойи бисёр расонидаам. Лекин на ба он андозае, ки Кункалла расонид».
Ва Кункалла се чизро дӯст медошт:
Ҳар саҳар дар наҳор хӯрдани як хукбачаи бирён ва як шиша коняк.
Съезду пленуму машваратҳо даъват кардан ва ваъз гуфтан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо