ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Сафар кардан.
Ва ваъзҳойи ӯ, ки маърӯза ном дошт, хеле ва хеле тӯлонӣ буд, – аз се то панҷ соат беист гап мезад; ва вакилоне, ки аз ҳар шаҳру деҳ омадаанд, гластукҳо сахт бастагӣ, наҷунбида гӯш мекарданд, ва агар аз раёсат яке каф кӯбад, коҳилона каф мекӯфтанд, ки ба вай сахт мерасид; ва дар съезди навбатӣ ба раиси шӯройи олӣ супориш дод, ки «ту дар қатори якум биншин. Аз раёсат касе каф кӯбад, ту рост хеста қарсак бизан», ва Раис ин навбат супоришро иҷро кард, – рост хеста дуру дароз каф кӯфт, ва аҳли толор аз ҷо хеста каф кӯфтанд, ва минбаъд аз ҷо рост хеста дуру дароз каф кӯфтан одат шуд; ва рӯзномаҳо, аз Правдаи Москов то Ҳақиқати Ҷиргатол, ки расман чаҳор саҳифа буданд, рӯзҳойи маърӯза кардани вай аз ҳашт то дувоздаҳ саҳифа нашр мешуданд; ва навбатдори шумора, ки шаби дароз хоб накардааст, саҳифаи дасташро ғиҷим карда, бо қаҳр зери миз мепартофт, – «шутурро печондан мумкин бо ин маърӯзаву бо ин рӯзнома!»
Ва маърӯзаро як даста олиму котибу услубдон менавиштанд ва китоб бо номи ӯ чоп мешуд, ки муаллиф аст, ва се ҷилдаш, ки аз чоп баромад, ба сари Кункалла савдойи Академикӣ даромад; ва ҳуҷҷат пешниҳод карданд ба Академияи илмҳо; ва академикҳо рад карданд, – ба ӯ унвони академик надоданд, ва ин хабарро як рӯзномаи музофотӣ чоп кард; ва пас аз як моҳ вай моҳонаи олимону рӯзномабаророн ва музди қалами аҳли қаламро панҷоҳ дар сад кам кард, ки «ягон коргару деҳқон ин қадар пул намеигирад».
Ва назарияҳойи нав баровард, то ки дар қатори доҳиҳо бошад, – нақшаи панҷсолаи тараққиётро бекор кард, ки илмӣ нест, бино бар илми иқтисод, нақшаи тараққиёт, бояд ҳафтсола бошад, фақат нақшаи ҳафтсола имкон медиҳад, ки захираҳо дуруст истифода шаванд ва ҳосили матлуб ба даст ояд; ва пойгоҳҳойи мошину тракторҳоро, ки бо шартнома ба колхозу совхозу заминкушову каналбарор хизмат мекард, барҳам дод, ки ба касе мошину трактор лозим бошад, худаш бихарад; ва ба ошхонаҳо фармуд, ки ба хӯрандагон нони бепул бидиҳанд, бигзор, аз неъматҳойи коммунизм баҳра бардоранд!..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо