Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Ҳайдар аз Ховалинг, аз сафар баргашт, ва дар редаксия ба ҳамкорон нақл кард:
– Подаи говони зотӣ, ки аз Голландия оварданд, ва дар саҳро сар доданд, ки тобистону зимистон озод чарида гарданд, ва ширу гӯшту насли бисёр бидиҳанд, ва ташвишу хароҷоташ кам аст, чашмаҳоро зери пову вайрон кардаанд, оби чашмаҳо таг ғалтида хушк шудааст. Сарбории ин боз говон ба касалии шушу ҷигар гирифтор шудаанд, ки ба дигар ҷондорон, аз ҷумла ба одамон, сироят мекардааст. Калони калонамон ин хабарро шунида подаро хабаргирӣ рафтааст. Мардум латифа гуфта механданд, ки «Ғамхориро бинед?! Гов касал шавад, аҳволпурсӣ мераванд. Одам мурад, касе парво надорад».
Ва муҳаррири рӯзнома ин лавҳаро аз мақола хат зад, ва Ҳайдарро танбеҳ дод, ва дар маҷлиси кушоди ҳизбӣ, таъкид ба таъкид, ба гӯши мудирону мухбирон ҷо кард, ки «рӯзномаи ҳизбӣ» ҷойи латифагӯйӣ нест. Дар ин ҷо ҳар як калимаро баркашида гуфтан даркор. Рӯзномаи ҳизбӣ сиёсати ҳизбро тарғиб мекунад, на ғайбатҳойи кӯчаро!»
Ва сиёсати ҳизб дар қонуну қарору дастурамалҳо ва дар даҳон аз минбарҳо ва дар коғаз аз анборҳо буд; ва ҳақиқати ҳоли рӯзгор дар ғайбатхонаҳову шикоятномаҳову зиндону дилу майнаи ҳақиқатҷӯён.
Ва сензура, ки дар асл ҳифзи сири давлат ва сири ҳарбӣ ва дифоъ аз харобкории ғояҳои ғайри марксистӣ буд, дарвоқеъ номаълуму ноаён ва ба мадади пайвастаи донотарошони нодон, ба ҳомии пучгӯйӣ табдил меёфт, ва сухани бамаънӣ нодаркору зараровар, ва сухани бемаънӣ айни муддао ҳисоб мешуд; ва мухбир барои он ки мақолааш калон шавад, ба ҷойи Н.К.Крупская «ҳамсари вафодори доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ильич Ленин, яке аз асосгузорони педагогикаи шӯравӣ, Надежда Константиновна Крупская» менавишт, чунки редаксия ба сифат коре надошт, барои ҳаҷм ҳаққи қалам медод.

пешина
аз 435
навбатӣ