Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Съезду Пленуму Машваратҳойи ҳизби коммунистӣ сари вақт, мунтазам, даъват мешуд, ва аз ҳизбҳойи коммунистиву сотсиалистии рӯйи ҷаҳон вакилу меҳмон меомад, ва аз бобати дастовардҳойи сотсиализм сухан мегуфтанду мешуниданд, ва аз ҷо бархеста каф мекӯфтанд; ва дар танаффусҳо навбат истода аз дӯкони хоса либосу палосу чинивории камёб мехариданд, ва ба тарафдории қарорҳо якдилона овоз медоданд; ва қарорҳо бо таъкиди «Боз» сар мешуд, – Боз ҳам мустаҳкам кардани интизоми ҳизбӣ, Боз ҳам баланд бардоштани маданияти деҳот, Боз ҳам беҳтар кардани сифати китобҳойи бачагон…, – ва ин «бозҳо» аз съезд ба съезд, аз пленум ба пленум, такрор мешуд; ва дар ҷумҳуриҳо дар асоси он қарорҳо ва барои иҷройи он қарорҳо Съезду Пленуму Машваратҳо мегузарониданд, ва айнан ҳамон хел қарорҳо мебароварданд.
Ва нуздаҳ ҳазор мубаллиғон ваъз гуфтанд дар шаҳрҳову деҳот, ва шарҳ доданд моҳияти қарорҳойи як съездро; ва даҳ ҳазору панҷсад аъзойи ҷамъияти «Дониш» панҷ соли расо аҳамияти таърихӣ ва нақшаҳойи хирадмандонаи съезди ХХУ1-ро ташвиқу тарғиб карданд дар байни аҳолӣ; ва се ҳазору дусаду панҷоҳу як коммунисту комсомол дар маҳфилҳойи «маорифи сиёсӣ» асноди съездро омӯхтанд ва ба роҳбарӣ гирифтанд; ва дар як ҳазору сесаду сиву ҳафт хонаи маданият, клуб ва чойхона – қироатхона, бахшида ба ин санаи таърихӣ, намоиши рисолаҳо ва суратҳойи ранга ташкил карданд ва рӯйи мизҳо гузоштанд ва дар деворҳо часпонданд, ва даҳ ҳазор нозирони халқӣ анҷоми ин ҳама чорабиниҳоро назорат мекарданд…
Ва дар охири сол ҳамаи ташкилотҳойи ҳизбӣ, – аз колхоз то вазорат, – ҳисобот навиштанд, ки чанд маҷлис шуд, чанд одам ҳозир буд, чанд нафар сухан гуфт, синну солашон аз чанд то чанд, чиҳо гуфтанд, чӣ ӯҳдадориҳо гирифтанд; ва ҳисобот аз деҳшӯро ба район ва аз район ба вилоят ва аз вилоят ба ҷумҳурӣ меомад, ва аз ҷумҳурӣ ба иттиҳод, ба Москов мерафт, ва аз муваффақиятҳойи беназир башорат медод.

пешина
аз 435
навбатӣ