ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳамон сол кумитаи марказии ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ аз зафарҳо башорат дод, ки дар Тоҷикистон одамоне, ки маълумоти олӣ доранд, ба ҳисоби ҳар сад сари аҳолӣ, аз Франсаву Дания зиёд аст; дар партави қарорҳойи ҳизб шоҳибофони мо он қадар атлас бофтанд, ки гирди кураи замин якуним печ мегардад; пахтаи маҳиннахи мо, ҳам аз ҷиҳати ҳосил ва ҳам аз ҷиҳати сифат, дар Иттиҳод дар ҷойи якум меистад; дар комбинати ресандагӣ дувоздаҳ ҳазор коргар, ғолибан занҳо, аз чилу як миллат, дар ду баст, аҳлона кор мекунанд, ки намунаи воқеъии дӯстии халқҳост; захираи оби Тоҷикистон дар ҳудуди СССР ҷойи сейумро мегирад ва пойгоҳи барқи «Дӯстии халқҳо» дар Осиёи Миёна калонтарину пурқувваттарин аст; ҷумҳурӣ конҳойи маъдане дорад, ки дар ягон ҷойи дигар нест…
Ва ҳамон сол Анвар Додалиев, ходими калони пажӯҳишгоҳи фалсафа, ба шӯройи илмии Академия рисола пешниҳод кард барои унвони илмӣ гирифтан; ва дар рисола, дар мавриде мисол оварда буд, ки «Шумора дуруст. Ҳамин қадар одам диплом гирифтагӣ. Давлат барои хонондани онҳо вақту маблағи зиёде сарф кардагӣ. Лекин дар вақти зарурат, – кашидани тарҳи бинойи зебо, ё тарошидани ҳайкали қаҳрамоне, ё сабзонидани гандуми серҳосил, ё ки кашф кардани маъданҳо, ё навиштани китоби дарсӣ, хусусан аз тиббу табиат, ё,.., – худи ҳамон давлатдорон бечораҳолона эътироф мекунанд, ки мутахассис надорем. Чаро?!
Шояд дуруст бошад, ки атласи Хуҷанд ба гирди кураи замин якуним давр мезанад. Аммо дар машварати фаъолони аҳли заҳмат, пешқадамон як чек дар даст, дар навбат якдигарро тела дода, ба дари дӯкони хоса роҳ кушода, як либосворӣ атлас мегиранд. Чаро?! Рӯдҳойи пуроб ҳаст. Об фаровон. Вале шаст бар сади аҳолӣ аз ҷӯҳойи ифлос об мегиранду об мехӯранд. Ба оби кашонда зиндагӣ мекардагиҳо низ кам нест. Чаро?!..» Ва дар шӯройи илмӣ академикҳо даъвоҳойи Анварро баргардонида ба даҳони худаш заданд ва ӯро муттаҳам карданд, ки «Додалиев фарҳанг ва истеъдод ва ҳунари халқро инкор мекунад. Вай ба осиёи душманон об мерезад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо