ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ношукру носипос аст. Ба қадри файзу баракати ҳаёти сотсиалистӣ намерасад». Ва ба ӯ унвони илмӣ надоданд, ва аз ходими калон гирифтанд, ва бо шарт ходими хурд монданд, ки агар ислоҳ нашавад, аз кор пеш мекунанд.
Ва Муродгул, модари Дилмурод, ки аз фарти эътиқод ба ахлоқи коммунистӣ ва ба ғалабаи коммунизм, ҳатто аз писараш дилмонда буд, ва пояш накашид, ки рафта иморати дуошёнаи ӯро як назар бубинад, – рафтори коммунистона нест ин рафторҳо! Кирдори коммуниствор нест ин кордорҳо!, – ҳисоботи солона ва хабари моҷаройи Анварро аз рӯзномаҳо хонд, ва хонду заҳракаф шуд; ва Дилмурод аз таҳти дил мотам гирифт, ва дар айни ҳол гӯё сабукие дар рӯҳаш ҳис кард, зеро модараш ягона касе буд, ки бубинад, аз корҳои кардааш пушаймон мешуд, ва хиҷолат мекашид, ва акнун бори пушаймонӣ ва шарму ҳаё аз дӯшаш афтид.
Ва ҳамон сол ба унвони кумитаи марказии ҳизб аз номи заҳматкашон ёздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду шаш мактуби шикоятӣ ва арзу дод омад, ва аз ҷумла шашсаду шасту се тояш такрори дуву себора буд.
Ва Ҳақназари Закун, ки дар маҷлисҳо ва сӯҳбатҳо доим аз Ленин иқтибос меовард, ба ҳимояи Маҳмуди Телешка ҳафт мактуб ба ҳафт идораи боло навишт ва як ҷавоби дуруст ҳам нагирифт; нусхаи он мактубҳоро ғун овард, ва ба лифофаи паҳне андохт, ва сахт ширеш кард, ва ба миёнаш баст, ва рафт ба Москов, ва дар Майдони Сурх чор соату бист дақиқа дар байни мардуми анбӯҳе навбат гирифту истод, ва даромад ба Мавзолей, ва лифофаро баровард ва бо ду дасти адаб монд болойи тобут, – ҳоли моро худат напурсӣ, дигар каси мепурсидагӣ нест!; ва нозирон безобита шуданд, ва ду ҷавонмарди низомӣ аз ду оринҷаш доштанду бароварданд берун, ва бурданд ба як ҳуҷраи нимторик, ва ду рӯз пурсуков карданд, ва баъди як ҳафта саду панҷоҳ сум ҷарима гирифтанду ҷавоб доданд.
Ва Кункалла ҳар наҳор як хукбачаи бирён ва як шиша коняк мехӯрд, ва маҷлис мегузаронд, ва мансаб тақсим

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо