ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
мекард ва ба сафар мерафт; ва дар маҷлисҳо аз қудрати сиёсиву иқтисодиву иҷтимоиву ҳарбии СССР гап мезад, бисёр гап мезад, ва аз Ленин иқтибосҳо меовард; ва куллиёти асарҳойи Ленин дар панҷоҳу шаш ҷилд, дар ҷевони ойнакории базеб рах задагӣ буд, ки андаруни ғилофҳойи кардонӣ меистод ва дасте ба китобе нарасидааст; ва мансабҳойи давлатиро ба касоне медод, ки беҳтару хуштар хушомад гуфта метавонанд; ва раиси кумитаи бехатарии давлат дар як сӯҳбати маҳрамона ёдрас кард:
– Хушомадгӯй ақли давлатдорӣ надорад. Вай дар ғами мартаба ва айшу ишрати худ аст. Аз вай ба давлат зиён мерасад. Хатар ҳам дорад.
– Акнун мо ҳаминро надонистем!?, – ранҷид Кункалла.
Ва интихоби кадрҳо бадин минвол давом мекард, ва дар кумитаи марказӣ ҳар як мансабдор хушомадгӯйи худашро сари кор меовард, ва дар ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо ва ноҳияҳо ҳар як сардор хушомадгӯй дошт, ки мансабу имтиёз медод, ва чунин тартиб ба расмият даромад ва сиёсати давлатӣ шуд.
Ва сафарҳояш дар ҳудуди СССР сурат мегирифт, ва ба ҳар шаҳре, ки равад, шаҳрдорон марду зан, пиру ҷавонро зӯран аз ҷойи кор ва хона ба кӯча мебароварданд, ва ба дасташон байрақчаҳо медоданд ва аз аэропорт то бӯстонсаройи ҳукумат, дар ду канори роҳ саф меоростанд, ва ӯ савори Чайкаи рӯкушода, бо аҳли рикобу ҷондорони низомӣ, аз роҳи холӣ дастафшон мегузашт, ва анбӯҳи одам байрақафшон Ура,Ура! мегуфтанд; ва ҳатман дар маҷлиси фаъолон, дар толори беҳтарин, маърӯза мехонд, ва ҷумлаи «Мо, коммунистон, аз байни халқ баромадаем»-ро фаровон истифода мебурд; ва донишҷӯи соли чорум дар толори Университет ба устоди файласуф савол дод:
– Мо, коммунистон, аз байни халқ баромадаем, чӣ маъно дорад?
– Маънояш ҳамин ки коммунистон як ҷузъи халқанд.
Ба халқ бегона нестанд. Буду нобуди рӯзгори халқро медонанд. Баройи некӯаҳволии халқ заҳмат мекашанд.
– Ба гӯши ман ҳамин хел медарояд, ки коммунистон аз байни халқ берун баромадаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо