ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Яъне дур шудаанд. Аҳволи халқро намедонанд. Аз халқ фарқ доранд.
– Не, ин хел маъно надорад. Шаккокӣ накунед. Шумо ҷавон. Фардо ба худатон зарар дорад.
– Ҳоло маълум не, ки фардо ба кӣ зарар дорад…
Ва хабарчинҳо ба Кункалла хабар расониданд, ки «Дар Белград вазири мудофиаро чунон бо ҳашамат ва бо дабдаба пешвоз гирифтанд, ки дар ягон ҷо, ягон роҳбари давлатро ин хел истиқбол накардаанд».
Ва дар Белград машварати вазирони мудофиаи мамлакатҳойи сотсиалистӣ даъват шуда буд, ва Белград бо Москов муносибати хубе надошт; ва Кункалла дар Ашқобод сайр мекард, ва таъҷилан рафт ба Москов ва пленуми фаврӣ ҷеғ зад, ва вазири мудофиа дар ҳаво дар самолёт парвоз мекард, ки пленум ӯро аз вазифааш гирифт; ва қойдаи байналмилалӣ иштироки котибони ҳизбҳоро, бигзор генералӣ бошад, дар машваратҳойи байни давлатҳо ғайриқонун медонист, чунки бино бар қонун роҳбари давлат раиси шӯройи вазирон буд, на сарвари ягон ҳизб; ва Кункалла раиси шӯройи вазирони СССР-ро, ки дастнишондаи худаш ва латтахислат аст, озод намуд ва дар ҷойи ӯ худаш нишаст, то ки ҳуқуқи ба чунин машваратҳо рафтан дошта бошад; ва баъд аз ин майдони сафараш вусъат гирифт, ва на фақат ба ҷумҳуриҳо ва мамлакатҳойи гурӯҳи сотсиалистӣ, балки ба давлатҳойи капиталистӣ ва нимкапиталистӣ ва феодалӣ ҳам сафар мекард, ва аз минбарҳойи баланду паст маърӯзаҳойи дурмадароз мехонд, ва тарҷумонҳойи маънирасу услубшинос аз панҷ-шаш ҷумлаи муғлақи вай як ҷумлаи бамаънӣ сохта тарҷима мекарданд; ва дар Лондон мухбире ба ӯ савол дод:
– Дар Иттиҳоди шӯравӣ чанд коммунист ҳаст?
Ва ӯ ҷавоб дод:
– Ҳаждаҳ миллион.
Мухбир боз пурсид:
– Чанд дузд ҳаст?
Ва ӯ гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо