Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман ба як савол ду бор ҷавоб намедиҳам!
Ва тарҷумон тарҷима кард:
– Коммунистон дуздӣ намекунанд! – вале омада ба маъмурони Кумитаи марказӣ асли гапро хабар дод…
Ва вазиру раису директору мудир ҳамаи ҳамаашон коммунистон буданд, ва мудирони кӯдакистон ҳаққи кӯдакон, ва директори зовуд ҳаққи халқу давлат, ва раиси колхоз ҳаққи колхозчиёнро ва вазири сохтмон ҳаққи бинокорону иморатро медуздид.
Ва дигарон аз онҳо ибрат мегирифтанд, – бинокор чӯбу тахтаву хишт, ва чӯпон барраву бузғола, ва бофанда калобаву салла, ва дӯзанда риштаву малофа, ва табиб сӯзану дору, ва фурӯшанда қанду қурс, ва таъмиргар меху муфту тунука медуздид; ва дар дарвозаи фабрикаи чой посбон монданд, ва ҳангоми корбаро вай бағалу кисаи коргаронро кушодаву чаппа карда медид, ки чой дуздидаанд ё не; ва фабрика пури носкаш шуд, ва онҳо чойи дуздиро ба носкаду андохта мебароварданд.
Ва раиси кумитаи бехатарии давлат, аввал, боэҳтиёт аз аъзоёни бюройи кумитаи марказии ҳизб ва аъзоёни кумитаи марказӣ, рамуз гирифт, ва донист, ки аксарият дар таги дил бо ӯ ҳамфикранд, дар сауна наздиктаринҳоро ғун овард, ва бо рамзу ишора гуфтугӯ карданд, ва ӯ дар омади гап хандид:
– Худаш кори маро сабук кард. Вазири мудофиаро аз сари роҳ бардошт. Ёдатон ҳаст? Масъаларо ҳал карда будем, ки вай ба кори дигар мегузарад. Дар лаҳзаи охир вазири мудофиа омад. Бо қатъият гуфт, ки «ман ба армия муроҷиат мекунам. Армия тарафи Кункалларо мегирад».
Масъала ҳал нашуда монд. Акнун унхел пуштибон надорад.
Ва баъди ин сӯҳбат раиси кумитаи бехатарӣ ташаббускор шуд ва сӯиқасд ташкил кард, ки «давлатро аз ин хатар халос бояд кард»; ва онҳо дар боло ҳамзабону ҳамфикр шуданд, ва Кункалларо Қрим фиристониданд, ки «Шумо хаста шудед. Саломатии шумо фақат барои худатон не, барои халқу ватан даркор аст. Эҳтиёт кардан лозим. Раведу дам гиред.

пешина
аз 435
навбатӣ