ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Истироҳат кунед». Ва ӯро гуселониданд ва пинҳонӣ мансабҳойи олиро ғасб карданд, ва силоҳу дигар қувваҳойи ҳарбиро ба даст гирифтанд, ва пас пленум ҷеғ заданд, ва масъалаи аз кор гирифтани ӯро рӯйи об бароварданд, ва якдилона маъқул донистанд, ва якдилона овоз доданд, ва қарор бароварданд, ва қарорро радио хонд ва рӯзномаҳо чоп кард.
Ва сарвари ҳизб нав шуд ва роҳбарони давлату ҳукумат нав шуданд.
Ва мағзи таълимоти сотсиалистӣ ковок шуд.
Ва таълимоти буржуазӣ ба мағзи ғояи марксистӣ даромад.
Ва марксизм қонунҳойи гардиши табиат ва қонунҳои гардиши ҷамъият, ва сайри таърихиву ранг бадал карданҳойи ҳардуро тадқиқ ва таҳлил кард, ва пӯсташро партофту мағзашро гирифт, ва бо далелҳойи илмӣ ба хулосае омад, ки Инсоният, то даме ки дар рӯзгор ба худ ва ақли худ умед бастану кор карданро ёд нагирад, вай озод нест, ва ҷомеаи ҳуқуқи ҳамаи аъзоёнаш баробар сохта наметавонад; ва аввалин давлати сотсиалистӣ бояд ки ҳамчунин Инсонеро тарбия бикунад ва ба камол бирасонад. Ва то фавтидани доҳиҳо ҳамин корро мекард; ва баъд аз сари онҳо аз берун ба ном барномаи Далесс фаъол шуд, ва аз дарун коммунистоне сари кор омаданд, ки қолаби зоҳирии ҷомеъаи сотсиалистиро нигоҳ медоштанд, ва ҳимоя мекарданд, валекин маънойи «ба худ ва ақли худ умед бастан ва кор карданро» амиқ сарфаҳм намерафтанд; ва аз беруну аз дарун ақидаҳойи бегона нуфузи бештаре пайдо мекард.
Ва Котиби Генералии нав нақшаи ҳафтсолаи тараққиётро барҳам дод ва боз ба нақшаи панҷсола баргашт; ва шиори «насли имрӯза дар замони коммунизм зиндагӣ мекунанд!» аз даҳон монд, ва аз ёдҳо ба фаромӯшӣ рафт; ва кишти ҳатмии ҷуворӣ дар сар то сари мамлакат, ки ягона навоварии Кункалла буд ва ягона роҳи зудтар аз дарвозаи сотсиализм баромада ба дарвозаи коммунизм даромадан медонист, ва дар як сафараш аз як фермери Амрикойӣ шунида буд, ки ҳосили фаровон медиҳад, ва ҳам нон мешавад ва ҳам чорворо тез фарбеҳ мекунад ва ҳам равғани хуштаъм дорад, ва худаш дар сафарҳо аввал ба тамошойи кишти ҷуворӣ мерафт, ва ба кори роҳбарон аз рӯйи вусъати ҷуворипарварӣ баҳо медод, як кори беақлона дониста шуд, ва рухсат доданд, ки касе зарур донад, бикорад ва касе нахоҳад, накорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо