ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва, бино бар анъана, Конститутсияро нав карданд.
Ва рӯзномаи «Вашингтон пост» як силсила мақола аз чоп баровард, ва ба тамоми ҷаҳон ҷор кашид, ки «СССР империяи беқонунист. Ҳар Котиби Генералие, ки ба сари кор ояд, конститутсияро ба муроди худаш дигар мекунад, яъне қонуни асосии давлатдорӣ надорад. Давлате, ки Қонуни асосӣ надорад, давлати истибдодист. Китоберо бо тасвири Герби давлатӣ ва бо номи Конститутсия нашр кардан маънойи онро надорад, ки дар СССР Қонуни асосӣ ҳаст. Балки чунин маъно дорад, ки ҳар кас дар СССР Котиби Генералӣ шавад, дар айни замон худаш Конститутсия аст».
Ва дар СССР, бино бар ҳисобу китобҳойи маъмурӣ, маҳсулоти хӯрданиву ошомиданиву пӯшиданиву сӯхтанӣ ва асбобсозиву мошинсозиву самолётсозиву ракетабарорӣ, нисбат ба соли як ҳазору нӯҳсаду сенздаҳ, ҳар сол се баробару ду баробару якуним баробар зиёд мешуд.
Ва мардум коҳилона кор мекарданд, – ун ҳавсалаву ун шавқу завқи пештара набуд. Ва мисли пештара дар рӯзҳойи ид, – якуми моҳи май, нӯҳуми моҳи май, ҳафтуми моҳи ноябр, – ливойу ливочаҳо ва суратҳойи калони доҳиҳову аъзоёни бюрои сиёсиро бардошта, саф-сафу мавҷ-мавҷ, дар шаҳрҳову шаҳрчаҳо, дар Майдони сурх, аз пеши минбари баланд мегузаштанд; ва аз минбари баланд , ки дар пасаш роҳбарону қаҳрамонону намояндаҳойи Иттифоқи касаба ва кумитаи комсомолӣ ва ташкилоти пионерӣ, рост истодаанд, нафаре ба фавҷе нигариста, аз коғази дасташ, бо овози баланд, шиор мехонд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо