Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зинда бод ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ!
Зинда бод иттифоқи синфи коргару деҳқон!
Зинда бод ҷавонон, бинокорони коммунизм!
Ва издиҳом бо низом
Ура!
Ура!
Ура!
мегуфтанд, ва ливоафшониву дастафшонӣ мекарданд; валекин дар саҳрову дар зовуду дар фабрику дар сохтмону дар идора мисли пештара рӯҳбаландонаву дилгармона ба кор намечаспиданд; ва куҳнааскар ба наваскар маслиҳат дод, ки «Фармони командирро гӯш кун, вале ба иҷрояш шитоб накун. Мумкин аз фикраш баргардад»; ва Ҳоҷикулӯли боғбон саҳаргоҳон дар рӯйи ҳавлиаш дид, ки шохи дарахти шафтолуро шикастаанд ва ғазабаш ҷӯшид, ки агар медидам, дасти ҳамон дарахтшиканро мешикастам; ва ба боғи совхоз расид, ки дарахтони зардолу як шохи сиҳат надоранд, ва нардҳойи токи ангур дар замин яксон, ва сахт алам накард, ва «ҳайвонҳойи бетамиз» гуфту ором шуд. Вай акнун моликияти ҷамъиятиро моли худ намешуморид.
Ва Тоҷикистон бояд чанд идора дошта бошад, ва дар фалон идора чанд кас бояд кор бикунад, чанд сӯм моҳона бигирад, аз Москов, аз Госплан, дастур меомад, ва онро якта зиёд, ё якта кам кардан ҷиноят буд: ва дар як идора сад нафар одам кор кунад, бистояш ҳалол заҳмат мекашид ва ҳаштод нафари дигараш саланг-саланг рӯз кӯр мекард, валекин ҳамон моҳонаашро мегирифт.
Ва Ҳайдар дар ресторани Вахш, дар болохона, ҳамроҳи Дилмурод нишаста, аз ҳамин бобат сӯҳбат мекард:
– Ман то ба Душанбе ба кор омадан, дар Қӯрғонтеппа гумон доштам, ки ин ҷо музофот ва кадр намерасад. Ночор се-чор нафар бори понздаҳ-шонздаҳ нафарро мекашад. Дар ин ҷо, дар редаксияи Тоҷикистони Советӣ, дидам, ки аҳвол айнан ҳамон хел. Ягон фарқ надорад.
– Фақат дар редаксияҳо не, дар ҳама ҷо аҳвол ҳамин хел, – бо дили пур гуфт Дилмурод. – Вале ин гапҳоро ба кӣ мегӯйӣ?

пешина
аз 435
навбатӣ