Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба худи ҳамон ҳаромкорон гӯйӣ, ки ҳалол кор карданро ёд гиред, меранҷанд. Туро душман мегиранд. Ба ҷойи он ки фикр кунанд, кӯшиш кунанд, омӯзанду ёд гиранд, вақтро беҳуда сарф карда дар кӯчаву бозор, дар нишасту хӯрдҳо, дар маҳфилу идораҳо, туро ганда карда мегарданд, ки фалонӣ маҳалпараст аст, маро бад мебинад.
Ба маъмурони болотар гӯйӣ, боз сахттар мерасад, – инашро вай тавсия кардагӣ, ваяш хеш ё ҷӯраи инаш. Дар байн боз худат ганда мешавӣ. Таҷриба кардем. Дидем.
Натиҷаашро худат медонӣ.
– Ин ҳам дард. Аммо ҳамаи дард не. Дар редаксия як мудири шӯъба буд. Ду ҷумларо пайваста наметавонист.
Гирифтанду фиристониданд ба мактаби олии ҳизбӣ. Аз он ҷо омад, ҳоло инспектори шӯъбаи пропаганда дар кумитаи марказӣ. Алҳол сифати кори кулли матбуоту нашриётро назорат мекунад.
– Худаш барин одам доштаст дар ҳамон болоҳо. Ман як шинос дорам. Котиби якуми райком буд. Худаш институти кишоварзия тамом кардагӣ. Районро ба кун шинонд.
Ягон соҳаи обод намонд. Шармандавор аз кор гирифтанд.
Дар боло як одам дошт, бурданду раиси кумитаи кинематография таъин карданд. Ба ин ҳикматҳо ақли ману ту намерасад.
Ва дар боло Госплан нақша мекашид, ва нақшаро Котиби Генералӣ тасдиқ мекард, ва дар миёна ба роҳбарӣ мегирифтанд, ва дар поён фиребу найранг ва дуздиву ғорат ва ришвахӯриву қонуншиканӣ ривоӣ меёфт, ва ахлоқ фосид мешуд; ва нозирони Назорати ҳизбӣ мубориза мебурданд, ва Дружинаҳойи халқӣ мубориза мебурданд; ва милисаҳо вазифадор буданд, ки мубориза бибаранд, ва як милиса аз сардораш пурсид, ки «авбош худаш чист?», ва ҷавоб гирифт, ки «ҳамагуна коргурезу беодобу дузд», ва дӯғ зад, ки «ин хел бошад, ҳар рӯз даҳтаву бистаашро меқапам», валекин шумораи «авбошҳо» зиёд мешуду кам не; барои он ки ахлоқи коммунистиро покиза нигоҳ доранд, ва аз сирояти ахлоқи буржуазӣ пешгирӣ

пешина
аз 435
навбатӣ