ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
бикунанд, дар Съезди навбатӣ ба Барномаи ҳизби Коммунисти Иттифоқи Советӣ тағйирот дароварданд, ва Қонуни ахлоқи бинокори коммунизмро тасдиқ карданд (айнан):
Садоқат ба кори коммунизм, муҳаббат ба Ватани сотсиалистӣ, ба мамлакатҳойи сотсиалистӣ.
Меҳнати софдилона ба нафъи ҷамъият: касе ки кор намекунад, вай намехӯрад.
Ғамхории ҳар кас дар бораи нигаҳдорӣ кардан ва афзун гардонидани сарвати ҷамъиятӣ.
Ба дараҷаи баланд фаҳмидани вазифаи ҷамъиятӣ, норавоӣ ба риоя накардани манфиатҳои ҷамъиятӣ.
Коллективизм ва ёрии рафиқонаи байниҳамдигарӣ: як кас барои ҳама, ҳама барои як кас.
Муносибатҳои инсонпарварона ва якдигарро эҳтиром кардани одамон: одам ба одам – дӯст, рафиқ ва бародар аст.
Бовиҷдонӣ ва ростгӯӣ, покизагии ахлоқ, оддигӣ ва хоксорӣ дар зиндагонии ҷамъиятӣ ва шахсӣ.
Ҳурмат кардани якдигар дар оила, ғамхорӣ дар бораи тарбияи кӯдакон.
Оштинопазирӣ нисбат ба беадолатӣ, муфтхӯрӣ, бевиҷдонӣ, шӯҳратпарастӣ, чизпарастӣ.
Дӯстӣ ва бародарии тамоми халқҳои СССР, роҳ надодан ба адовати миллӣ ва нажодӣ.
Оштинопазирӣ нисбат ба душманони коммунизм, нисбат ба душманони кори сулҳ ва озодии халқҳо.
Ҳамраъии бародарӣ бо меҳнаткашони тамоми мамлакатҳо, бо тамоми халқҳо.
Ва матни Кодексро (Қонунро) дар Тоҷикистон, ба монанди ҳамаи Фармону Қонуну Қарорҳойи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, шӯройи вазирони СССР, Президиуми Шӯройи Олии СССР, аз забони урусӣ, ҳарф ба ҳарф, ба забони тоҷикӣ баргардониданд, ва ин матн ҳам, монанди он ҳама матнҳо, ҳарфҳойи қатор дошту маънояшро касе фаҳмида наметавонист, ва забони тоҷикӣ ном дошт, вале аз иншои тоҷикӣ, – сохти ҷумла, мантиқ, савт, ифода, – нишоне набуд; валекин дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп карданд, ва баробари саршумори аҳолӣ китобча ба нашр расид, ва ба китобҳойи дарси хониш дароварданд; ва лекторон назди заҳматкашон мерафтанд, ва шарҳу эзоҳ медоданд; ва ду олим ду рисолаи илмӣ навиштанд, ва яке номзади илми таърих ва дигаре доктори илми фалсафа шуд; ва дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом, дар каҷгарде, ки аз роҳи Исфара ҷудо шуда тарафи шаҳр меравад, аз дасти рост ахлотпартое буд қад-қади роҳ, ва қади онро чен карданд, яксаду панҷоҳу чор метр будааст, ва зарбу тақсим карданд, ва дувоздаҳ фонертахта буриданд, ки бараш панҷ метр ва қадаш ду метру бист сантиметр, ва рангу бор карданд, ва ҳар як ҳикмати Кодексро дар як тахта бо ҳарфҳойи калон – калон ва бо ранги сурх навиштанд, ва аз сангу смент поя сохтанд, ва қатор шинонданд, ва хурсанд шуданд, ки «бо як тир ду нишон задем!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо