ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– ҳам супориши боло иҷро шуд, ҳам ахлотпарто аз чашми роҳгузарон пинҳон».
Ва радиои дохилии беморхона эълон кард, ки «ҳамаи коргарон дар толори калон ҷамъ шаванд. Ҳатман ҷамъ шаванд»; ва бинойи беморхона пеш идораи кумитаи иҷроияи район буд, ва раиси кумита барои худашон иморати нави дуошёна сохтанд, ва бинойи куҳнаро, ки брак мегуфтанд, ба райздрав доданд, ва беморхона шуд; ва таҳкурсии паст дошту деворҳойи хишту лойу андовааш рехтагӣ, ва намкашида, ва тахтаҳойи фарш нимпӯсидаву ҷо-ҷо фурӯрафта, ва калламушҳо бемалол даруну берун мегаштанд; ва ду ҳуҷраи кунҷакаш таваллудхона буд, ва доя кӯдаки дасташро парпеч карду хобонд даруни катча ва худаш рафт ба толори калон, ва аз минбари толор лекторе, ки аз марказ омадааст, лексия хонд; ва лектор як дастаи ғафси коғаз дар пешаш, айнак дар сари бинӣ, варақ мегардониду мехонд, варақ мегардониду мехонд, ва аҳамияту зарурати Кодексро шарҳу эзоҳ медод, ки ҳизб чаро маҳз ҳамин хел Кодекс баровард, ва ба амал овардани он ба ҷамъияти сотсиалистӣ умуман, ва ба ҳар як ташкилот хусусан, чӣ манфиатҳо дорад, ва коркунони соҳаи тиббу табобат, ки тақдири одамон ба дасташон аст, бояд пеш аз дигарон ин Кодексро хонанд, донанд, аз ёд кунанд, то ки хизмати шоистае ба ҷомеъаи коммунистӣ расонида битавонанд; ва доя дар толор ғизойи маънавӣ гирифту баргашт ба ҳуҷра, ва баробари аз дар даромадани ӯ калламушҳо титу парешон гурехтанд, ва…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо