ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ва калламушон ҳам ғизо гирифтаанд, – гӯшу бинии кӯдакро хӯрдаанд.
Ва Котиби Генералии нав интизоми ҳизбиро сахт риоя мекард, – ҳар ҳафта як бор аъзоёни бюройи сиёсиро ҷамъ меовард, ва бо сардории вай машварату маслиҳат ду-се соат тӯл мекашид. Ва ҳар як котиб аз соҳае, ки маъмур аст, ахбор медод, ва хулосаро ӯ мебаровард, ва дигарон маъқул медонистанд; ва пленуму съезду сессияҳо дар вақт вақташ даъват мешуд, ва вакилони зиёде меомаданд, ва ӯ маърӯзаеро, ки дигарон навиштаанд, назди микрофон рост истода мехонд, ва вакилон фосила ба фосила каф мекӯфтанд, ва гоҳи хондани саҳифаи даҳум фаромӯш мекард, ки дар боло чиҳо хонда буд; ва ҳанӯз хондани маърӯза давом дошт, ки ба редаксияи рӯзномаҳо супориш меомад. – ҷавоб ташкил кунед!,
– ва рӯзноманигорон ба корхонаҳойи наздик рафта, ё сари телефон нишаста, аз номи заҳматкашон ҷавоб (отклик) ташкил мекарданд, ки «дар маърӯза масъалаҳойи ҳаётан муҳим таҳлил шудааст. Мо бо ҳисси масъулият тарафдорӣ мекунем».
Ва маърӯзанависону маърӯзахонон фориғи кор, ҳар яке бо гурӯҳи худаш, ба саунаҳойи хос мерафтанд; ва котиби идеологӣ дар ҳузури Котиби Генералӣ, ба ҳоли лидерҳойи ҳизбҳойи коммунистии Хитой ва Югославия механдид, ки «марксизму ленинизмро намедонанд. Роҳи коммунизмро гум кардаанд». Ва Котиби Генералӣ низ ба ҳоли онҳо механдид, ва ният дошт китобе нависад, ки онҳо хонда ибрат бигиранд ва аз роҳи хато баргарданд; ва ба дастёронаш фармуд:
– Ду нафар одам ёбед, ки қалам доранд, вале аз пушти қаламашон рӯзашон ба серӣ намегузарад.
Ва ёфтанду оварданд ду нафар қаламтези кисахолӣ, ва онҳо маслиҳат доданд, ки «беҳтарин китоб саргузашти шумост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо