Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боиси ибрат ба ҳама, хоҳ дар даруни мамлакат бошад, хоҳ дар берунаш».
Ва қаламтезҳо ду китоб навиштанд аз саргузашти ибратбахши ӯ, ва тасвир карданд, ки коммунист ақли тарсидан надорад, ва «қалъае нест, ки коммунист фатҳ карда натавонад»; ва аз кору бори вай дар зовуд ва дар ситоди ҳарбии полк, ва дар корам кардани заминҳойи нокорам, мисолҳо оварданд, ва исбот карданд, ва дар муқоваи китобҳо номи ӯро навиштанд, ки муаллиф аст; ва китобҳо бо нусхаҳойи зиёде аз чоп баромад. Ва кисаҳойи холии қаламтезон пури пур шуд, ва китобҳоро тарҷума карданд ба ҳама забонҳое, ки ҷуҳудурусҳо медонистанд; ва Котиби Генералӣ, ки шаш мошини сабукрав, аз ҳар ҷо дар рӯзи таваллудаш, тӯҳфа оварда буданд, ва ӯ кушодану пӯшидани дари мошинҳо ва дар курсиҳойи аҳораш нарехта нишастану ёнбош кашиданро дӯст медошт, дар ҳар мошин аз ин китобҳо чанд нусха оварда монд, ва гоҳ меомаду менишасту якеро мегирифт, ва дар муқова номашро мехонд, ва ҳузур мекарду ҳаловат мебурд, ва пинак мерафт.
Ва дар шаҳри Қизилаврат ба аскарони дивизияи пиёдагард, ба ҷойи нони гандум, нони ҷуворӣ ва ба ҷойи гречкаву перловка, арзану қӯноқ доданд; ва афсарони рутбаашон хурд, реб дода, ба «хлеборезка» медаромаданд ва хлеб металабиданд; ва ҳангоми ба ҳизб аъзо шудан, аз сержант Мансур Файзов пурсиданд:
– Дар СССР чанд иди калон ҳаст?
– …
– Дар кадом рӯзҳо таъоми бомазза медиҳанд?
– Бисту сейуми феврал, нӯҳуми май, ҳафтуми ноябр.
Ва мардум аз сари шаб таги дари дӯконҳойи нон навбат мегирифтанду навбат меистоданд; ва муаллим, ки одами баобрӯ ва болонишини маъракаҳо буд, аз назарҳо афтид, ва мудирони дӯконҳо боэътибору болонишин шуданд; ва ҳасиби дудхӯрдаро фақат аз дӯконҳойи хоси ҳукумат, ва фақат бо талон мегирифтанд; ва вакилони мардум дар Шӯройи Олии СССР ва дар Шӯройи Олии ҷумҳурӣ, бо умед ба сессияҳо меомаданд, ки аз дӯконаш ягон либоси хориҷӣ бихаранд, ва барои як чатри японӣ ва як ҷуфт мӯзаи чехӣ ва як риштарошаки англисӣ, ҳамдигарро тела медоданд, пойи якдигарро зер мекарданд, либоси якдигарро медаронданд; ва Бибиҳоҷари пахтакор, ки калӯши резинӣ ва куртаи синтетикӣ мепӯшид, ва дар ҳавойи чил-панҷоҳ дараҷа гарм, дар як ҷӯяки пахта, ба камаш, як ҳазору дусад бор хаму рост мешуд, ва як ҳазору дусад бор каланд мезад, ва барои як килограм пахтаи чиндааш буду шуд даҳ тин музд мегирифт, аз ночорӣ ариза бардошта ба идораи кумитаи иҷроияи район рафт, ки «ба ман иҷозат бидиҳед, зарур шуд, ҳафт метр суф, дар дӯкон бе хату мӯҳри шумо намедиҳанд»…

пешина
аз 435
навбатӣ