ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва талабаҳойи мактабро бароварданд ба стадион, ва ҷашни Инқилоби Кабири Октябр буд; ва директори мактаб аз зафарҳойи бемислу монанди давлати шӯравӣ, аз роҳбарии хирадмандонаи ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз дастовардҳойи мактаб, ваъз гуфт, ва муборакбод гуфт, ва даъват кард, ки «дар хондан, дар одоб, дар кор, ҳамеша ва дар ҳама ҷо, шоистаи ин давлат, шоистаи номи коммунисту комсомолу пионер бошанд»; ва Вожатий пеш баромад:
– Дар ҷаҳон хушбахттарин бачаҳо кадом бачаҳоянд?
Бачаҳо бо як забон ва баробар:
– Бачаҳойи Иттиҳоди Шӯравӣ!
Вожатий:
– Хушбахттарин мардуми олам кадом мардуманд?
Бачаҳо баробар бо як овоз:
– Мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ!
Вожатий:
– Одилтарин давлат кадом давлат аст?
Бачаҳо бо як овоз:
– Давлати Иттиҳоди Шӯравӣ!
Ва аз байни саф садойи фиқ-фиқ гиристани касе ба гӯшҳо расид, ва директору вожатий ба ҳамон тараф

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо