ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
рафтанд, ва бачаҳо ба ҳамон тараф нигоҳ карданд, ва диданд, ки Сайид Мирзоев, талабаи синфи панҷум, аълохон ва дар корҳойи пионерӣ фаъолу пешқадам, бо пушти ду даст, ду чашмашро молида гиря мекунад; ва директор сари ӯро молид:
– Сайид, ягон воқеъа шуд? Ягон кас зад?
– Не, ҳеҷ чиз нашудааст, – ҳиққос зад вай. – Ман мехоҳам, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ равам.
7 Ва дар Самарқанд мудири анбори роҳи оҳан ба хонааш ду наъли куҳна овард, – як наъли асп ва як наъли хар, ва наъли аспро зад дар поёни дарвоза ва наъли харро дар остонаи дари даромад, – балогардон будаст, аз чашми бад нигоҳ медоштаст, баракоти хона намепаридаст, рӯзгор обод мешудаст; ва мардум диданду шуниданд, ва овоза рафт ба чаҳор тараф, ва шикори наъл сар шуд, ва дар хонаву кӯчаву бозору партовҷойҳо ягон наъли куҳна намонд, – ҳамаашро кофтанду ёфтанду гирифтанду заданд дар остонаи хонаҳошон, ва дигар ҳатто бо пул наъли куҳна пайдо кардан душвор шуд; ва Самандари Дузд, ки нисфи умраш дар ҳабсхонаҳо гузашт, ба ҷустуҷӯ баромад, ва аз деҳаи Ҷом як наългар ёфт, ва ин наългари пир кайҳо дӯконашро баста буд, чунки харидор надошт; ва асбобҳояш дар як гӯшаи оғил зангзадаву зери чангу ғубор мехобид; ва Самандари Дузд бо ӯ шарту байъ кард, ва ба шаҳр овард, ва дар ҳавлияш ҷо дод, ва дӯкон сохт, ва ду ҷавонмарди корталабро дастёр монд, ва наългарӣ сар шуд; ва аввалин харидорон занҳо буданд, занҳое, ки ба ҳаммоми ҳамин гузар меомаданд, ва пеш аз ҳаммом, ё пас аз ҳаммом, ба дӯкон медаромаданд ва наъл мехариданд; ва баъд дар ҳамин ҳаммом, дар сӯҳбат бо ҳамсояҳо, дар маъракаҳойи суру мотам, лоф мезаданд, ки «Наълҳои Самандар аз наълҳойи куҳна беҳтар. Файзаш зиёдтар. Аз бозе ки наъли Самандарро овардаму дар остона задам, намедонам, ки ғам чисту кам чист?» Ва наъли Самандару худи Самандар машҳур шуд. Он қадар машҳур шуд, ки ин тараф аз Деҳқонобод ва он тараф аз Ҷиззах одамон меомаданд ва наъл мехариданд.
Ва сар шуд силсила воқеъаҳое, ки одатан, дар ҳама давру замонҳо, дар остонаи футур рафтан ва пош хӯрдани ину он империя, ину он сулола ва ину он идеология, авҷ мегирад ва ривоҷ меёбад; ва одамон ба ақлу тамизи худ не, ва ба қудрати давлату ҳукумат ҳам не, балки ба фолбин, ба пешгӯй, ба фиребгару қаллобу ҷаллоб умед мебанданд, ва бозори найрангбозон гарму ҷӯшон мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо