ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар СССР чӣ бисёр шуд, табибони мӯъҷизакор ва ҳизбҳойи ҳаваскор!
Ва табибон фақат бо гармии кафи даст дусад дардро дармон мекарданд, ва ҳизбҳо фақат бо маҷлис як давлати обод месохтанд.
Ва Раъно Давлатова, собиқ пешхизмати ресторан, дар якуним сол, ду ҳавлӣ харид, ва мошинсавор мегашт, ва ду бӯзбала шабу рӯз ӯро посбонӣ мекарданд; ва таги дарвозааш мудом тӯдаи одамон нишаставу истода буданд, ва буғумдарду шикамдарду бехобу бетоб, бо навбат аз дари пеш медаромаданд, ва ӯ бо ангуштони гиро, гоҳ ба пӯсти бемор расонида, ва гоҳ нарасонида, табобат мекард, ва бемор пулеро, ки нахӯрдаву напӯшида ҷамъ кардааст, ба вай медод ва аз дари пушт баромада мерафт; ва ба шиносу ношинос аз мӯъҷизаҳойи дасти Раъно ҳикояҳо мегуфт, ва ҳар дардманде шунавад, бовар мекард, ва тӯдаи таги дарвозааш бештар аз пештар мешуд.
Ва Раиси вилоят падари оҷизашро ба мошин савор кард, ва дар бордони мошин дастовезҳо гирифт; ва мошин мошини давлат буд ва давлат барои он дода буд, ки корҳойи давлатиро зудтару беҳтар анҷом бидиҳад, ва ӯ кори давлатӣ ва кори шахсиро фарқ карда наметавонист; ва бо ҳамин мошин аз Қумсангир хесту рафт ба Фарғона, ва дар он ҷо як табиби номӣ будаст, ки кӯронро бино мекардааст, ва ба қабули вай даромадан он қадар осон набудааст, – аз чор гӯшаи олам оҷизон омадаанд ва як моҳу ду моҳ навбат меистодаанд; ва ин раис, бо роҳи шиносӣ, раиси он вилоятро восита кард, ва падарашро бе навбат ба табиб нишон дод, ва табиб як аросот пулу чиз гирифт ва як тӯмор навишт, ва як шишача оби замзам дод, ва фармуд, ки «ҳар саҳар пеш аз тулӯъи офтоб тӯморро ба оби замзам тар бикунад, ва се бор аз тарафи рост ба тарафи чап ба чашмонаш бимолад, баъди чил рӯз ман дидаму ту надидӣ, сип-сиҳат мешавад».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо