ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳизбҳойи навбаромад, рӯзномаҳойи нав бароварданд, ва барномаҳояшонро дар рӯзномаҳояшон чоп карданд, ва барномаҳойи онҳо, агар калимаҳойи демократия, озодии сухан ва озодии матбуотро истисно бикунем, аз барномаи ҳизби куҳна, ба ғайр аз ҳаҷми варақҳо, дигар навоварие надоштанд, – ҳамон адолати иҷтимойӣ, ҳамон истифодаи сарватҳойи рӯйи замину таги замин, ҳамон ислоҳоти мактаб, ҳамон муносибати оқилона ба кадрҳо, ва ҳамон даъво, ки «барои беҳбуди рӯзгори халқ аз ҳама имкон истифода бояд кард!», ки қариб сад сол боз мегӯянд, ва ҳамеша ғами осудаву шоду хуррам зистани халқро мехӯранд; ва ин ғамхорони куҳнаву нав даъво доштанд ва даъво доранд, ки ғами шахсии худашонро намехӯранд, ғами онҳо ғами халқ аст, ва дар ин роҳ аз баҳри гӯшту пӯсти худ гузаштаанд, ва миёнашонро аз ҳафт ҷо сахт бастаанд, ки ба халқ хизмат бикунанд; ва бисёранд чунин даъвогарҳо, – вазиру вакил хизматгори халқ ва коммунисту комсомол хизматгори халқ, ва сотсиалисту демократ хизматгори халқ, ва олиму адиб хизматгори халқ, ва…, ва ҳатто андозғундору мудири дӯкон хизматгори халқ; ва ҳамаашон аз номи халқ сухан мегӯянд, ва мансаб мегиранд, ва ҳаққи ҳалоли мардумро медузданд; ва дақиқ равшан нест, ки худи халқ кисту чист? – ҳамонҳое, ки мансаб надоранд?, ҳамонҳое, ки дар маҷлисҳо ба даҳон об гирифта менишинанд?, ҳамонҳое, ки бо мурдаву зиндаи мансабдор хушомад мегӯянд?..
Ва Дилмурод, судя дар суди вилоят, аз Қӯрғонтеппа ба Душанбе омад, ва Ҳайдарро хабаргирӣ рафт; ва Ҳайдар рост истода бо телефон гап мезад:
– Дар иттиҳодия нӯҳ ҳазор гов ҳаст. Медонед?!
Аз он тараф:
– Инаша медонам.
– Лекин дар дӯконҳойи иттиҳодия гӯшт нест!
Аз он тараф:
– Инаша ҳам медонам.
– Пас, гӯшти он говҳо куҷо меравад?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо