Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз он тараф:
– Инаша намедонам.
Ва Ҳайдар гӯширо бо зарда ба ҷояш монд:
– Дилмурод саросема нестӣ?
– Не. Чӣ буд?
– Ҳозир аз Норак репортаж мешавад. Радиоро мону гӯш карда шин. Зиқ нашав. Ман сари қадам телетайпро мебинаму зуд бармегардам.
Ва дар Норак маҷлиси фаъолони шаҳр будаст. Бо сардории Котиби Якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба муносибати ба китобхонаи Норак супурдани китобҳойи Котиби Генералии Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Раиси Президиуми Шӯройи Олии СССР, бо соядасти муаллиф; ва радио бо тантана аз толори маҷлис репортаж дод, – мусиқӣ ва кафкӯбӣ, ва котиби якум дар минбар, дар назди микрофон:
– Иншооти азими энергетикии соҳили Вахш ифтихори тамоми мамлакат гардид. Комитети марказии партияамон, шахсан Котиби Генералии КМ КПСС, Раиси Президиуми Совети Олии СССР, дар бораи сохтмон ғамхории дар ҳақиқат падарона зоҳир менамоянд. Ба стансияи электрии обии Норак омадани Котиби Генералӣ, мулоқоти ҳаяҷоновар бо вай, сӯҳбатҳойи амалӣ, маслиҳатҳойи хирадмандонайу пурқимат, майлу хоҳиш, суханони неки самимии ӯ, ки ба кас барои хубтар меҳнат кардан илҳом мебахшанд, аз хотири мо ҳаргиз фаромӯш намешаванд.
Мо дар Москва аз корҳои меҳнаткашони республика ахборот дода партия ва ҳукумат, шахсан Котиби Генералиро бовар кунондем, ки тамоми меҳнаткашони Тоҷикистон минбаъд ҳам зарбдорона кор мекунанд…
Ва Ҳайдар омад, ва Дилмурод радиоро кушт.
– Чаро куштӣ?
– Он тарафаш маълум. Ба мисли ҳарвақта. Як қаҳрамон, як зани фаъол, як комсомол, як пионер ба минбар даъват мешаванд.

пешина
аз 435
навбатӣ