ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Матни суханонашонро пешакӣ навишта доданд. Мо миннатдор. Мо тарафдор. Шаъну шарафи коллективи зарбдори меҳнати коммунистиро афзун мегардонем. Ба бовари Котиби Генералӣ сазовор мешавем.
Ҳамин хел гапҳо. Намеравем дар ягон ҷо заҳру зақуме бихӯрем?
Ва онҳо аз бинои редаксия баромаданд. Ҳайдар пурсид:
– Ошхона. Ё ресторан?
– Ба кисаи ту вобаста, – хандид Дилмурод.
– Ин хел бошад, ба чойхона – ошхона.
Ва дар роҳ Дилмурод савол дод:
– Калон матни хондагиашро худаш навишта бошад?
– Аз куҷо? Вай ҳунари навиштан надорад. Ёрдамчиҳо навишта медиҳанд.
– Баъд як ёрдамчии босавод гирад намешавад? Забонаш махлуту муғлақ. Халқ, халқ мегӯянд, халқ ин тавр гап намезанад-ку?
Ва дар чойхона-ошхона як деги маърака пури шӯрбо буд, ва пешхизмат надошт, ва ҳар кас таъомашро худаш мегирифт, ва мизи холие ёфта менишаст; ва онҳо яккосагӣ шӯрбо гирифтанд, ва мизи холие ёфтанд, косаҳоро монданд, ва дари буфет рафтанд, ва арақ фармуданд, – дуто саду панҷоҳ грамӣ дар ду истакон, ва оварданду нишастанд паси миз ва нӯшидаву хӯрдаву чақ-чақ карданд аз ҳар бобат; ва Дилмурод, дар байни сӯҳбат, ба мавзӯи дигар гузашт:
– Ман Қӯрғон равам, белати ҳизбиамро месупорам.
– Аз инаш мебаройӣ, ба ҳизби демократаш медаройӣ?
– Не! Ин андеша хеле вақт аст, ки дар сарам чарх мезанад. Баройи он ки ҳеҷ кас аз рӯйи устав кор намекунад. На дар райком, на дар исполком, на дар суду прокуратура.
Як коммунист надидам, ки аз рӯйи устав кор кунад.
– Ҳастанд коммунистоне, ки аз рӯйи устав кор мекунанд. Ман чанд нафар ҳамин хел коммунистро мешиносам. Лекин обрӯ надоранд. Дар идораҳо онҳоро ҳурмат намекунанд. Фитнаву лаққӣ мегӯянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо