ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Ман аввалҳо худамро тасалло медодам, ки баъзе норасоиҳо ҳаст. Ҳаромкориҳо ҳаст. Ҳаромхӯриҳо ҳаст. Худам ҳам моҳи беайб нестам. Аз пулу моли муфт на ҳамеша ҳазар мекунам. Лекин ҳамаи инҳо хурду реза. Ба қасри азиму мустаҳками сотсиализм зараре намерасонад. Зарар расонида ҳам наметавонад.
– Ҳама корҳо аз хурду реза бармехезад. Саъдии Шерозӣ ин маъниро гаштаву баргашта, бо таъкид гуфтааст, ва мисолҳо овардааст, ва оғозу анҷомашро нишон додааст. Дар дунё корҳойи майдаву чуйда нест, ҳамааш оқибат дорад, ҳамааш аз ҷое сар мешавад ва ба ҷое рафта мерасад.
– Ба фикрам, рафта расидааст. Гирем, Котиби Генералиро. Пушту паноҳи ҳизб. Пушту паноҳи сотсиализм. Пушту паноҳи ахлоқи коммунистӣ. Китоберо, ки касони дигар навиштаанд, ба номи худаш чоп мекунад. Боз соядаст навишта ба китобхонаҳо мефиристонад, ки «ман навиштам, шумо хонед, омӯзед, ва ёд гиред, ки коммунист чигуна касест, ва коммунизмро чӣ тавр месозанд!» Котиби якум, ки сояи Котиби Генералист, фаъолони ҳизб ва пешқадамони мусобиқаи сотсиалистиро ҷамъ оварда ваъз мегӯяд, ки «ғамхории падарона ва дастурҳойи хирадмандона аз ин беҳтар намешавад». Акнун ту ба ман гӯй, ки аз устави ҳизб, аз сохтори сотсиалистӣ, аз кодекси ахлоқи бинокори коммунизм, чӣ боқӣ монд? Фақат Съезду пленум?!
– …
– Демократҳойи навбаромад беҳуда Сталинро танқид мекунанд. Кори ҳавай дуруст будаст. Сафи ҳизбро, аз вақт ба вақт, тоза кардан даркор. Тоза мекардем, ба ин рӯзҳо намерасидем.
Ва дар боло, дар Съезду Пленуму Сессияҳо, мегуфтанду қарор мебароварданд, – «Дар бобати боз ҳам беҳтар кардани некӯаҳволии халқ; Дар бобати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия…, – ва дар поён, дар бозору дӯконҳо мевайу сабзавот, рӯз ба рӯз кам мешуд, ва орду равғану ширавор камёб, ва ду сол мешавад, ки касе аз дӯконе гӯшт нахаридааст, ва қурби пул паст мерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо