Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ кулли мардум ҷойи кор доштанд, ва ҳарчанд ки ҳама ҷойи кор доштанд, ҳеҷ кас бо дили гарм кор намекард; ва ҳарчанд ки ҳеҷ кас бо дили гарм кор намекард, нақшаҳо сад дар сад иҷро мешуд; ва ҳарчанд ки нақшаҳо сад дар сад иҷро мешуд, дӯконҳо холӣ буд; ва ҳарчанд ки дӯконҳо холӣ буд, ҳама ҳама чизро доштанд; ва ҳарчанд ки ҳама ҳама чизро доштанд, ҳама дуздӣ мекарданд; ва ҳарчанд ки ҳама дуздӣ мекарданд, ҳама чиз ба ҳама мерасид.
Ва Котиби Генералӣ, ки Раиси Президиуми Шӯройи Олӣ ҳам буд, ба дасти рост Қарор имзо мекард, ва бо дасти чап ордену медол гирифта дар сари синааш меовехт; ва демократҳо, ки аз империалистон пулу дастур мегирифтанд, ва аз воқеъияти дохилӣ мисолу далелҳо меоварданд, ба мағзу гӯши одамон сунба мезаданд, ки «сотсиализм балойи сари мардум аст ва инсонро бадбахт мекунад, ва роҳи халосӣ ба капитализм рӯ овардан аст, ки инсон хушбахт мешавад».
Ва Котиби идеология ба Котиби Генералӣ хабар дод, ки як ҷуҳудянкӣ китоб навиштааст дар Амрико ва як миллион нусха чоп кардааст, ва даъво дорад, ки дар СССР озодӣ нест, дар СССР ғуломдорӣ ҳаст; ва Котиби Генералӣ фармуд, ки як олими ҷуҳудурус ёбед, гӯед, ки ҷавоб нависад, ва ҷавобашро як миллион нусха чоп кунед.
Ва раиси кумитаи бехатарӣ ба Котиби Генералӣ гӯшрас кард, ки дар Ҷумҳурии Н. миллатгаройӣ кам-кам авҷ гирифтааст, ва бартарияти миллаташонро тарғиб мекунанд, ва шоҳу вазирони гузаштаашонро болобардор карда истодаанд; ва Котиби Генералӣ фармуд, ки Котиби Якӯмашро изофанавис ва занбоз гӯед, аз мансаб гиред. Як каси дилпурро дар ҷойи ӯ шинонед, ва квоти қаҳрамон, ордендор, вакил дар шӯройи олӣ, дар он ҷумҳурӣ се-чор нафар зиёд шавад.
Ва гузориш доданд:
– Дар вилоят ҷавонони бекор зиёд шудааст. Бетартибӣ бисёр шудааст.

пешина
аз 435
навбатӣ