ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ӯ фармуд:
– Аз кору бори ҷавонон дар сохтмони БАМ1 як филм нишон диҳед. бо консерташ.
Ва гузориш доданд:
– Дар як кишвар нон камчин шудаст. Нон намерасад.
Ва ӯ фармуд:
– Консерт ташкил кунед. Консерти устодони санъат.
Ва гузориш доданд:
– Дар даҳ завод нақшаи солона иҷро нашудааст.
Ва ӯ фармуд:
– Аз як бригадаи ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ кино гиред. Ба ҳамаи он даҳ завод баред. Ҳар се моҳ як бор нишон диҳед.
Ва гузориш доданд:
– Байни ду район дилхунукӣ афтодааст. Муноқиша доранд.
Ва ӯ фармуд:
– Фестивали дӯстӣ гузаронед.
Ва…
Ва яҳудурусе ёфтанд, ки ҷавоб навишт ба яҳудянкӣ, ва исбот кард, ки вай косалеси сармоядӯстон аст, ва ҳасад мебарад ба музаффариятҳойи ҳаёти сотсиалистӣ, ва тӯҳматҳойи ӯ нав нестанд, ва таърих ҳамаашро маҳкум кардааст, ва саг меҷакаду корвон меравад; ва ба ӯ ордени Ленин доданд, ва Котиби Генералӣ ордени Ғалаба гирифт.
Ва дар ҳар ҷое бӯйи миллатгаройӣ барояд, котиби якумашро ба изофанависӣ ва занбозӣ муттаҳам карданд, ва аз мансаб гирифтанд; ва раиси комиссияи тафтишот дар ҳамон ҷо котиби дуйум таъин шуд, ва Котиби Генералӣ ордени Дӯстии халқҳо гирифт.
Ва ба муаллифони филми Зарбдорони БАМ ҷоизаи давлатии СССР доданд, ва Котиби Генералӣ ордени Қаҳрамони заҳмати сотсиалистӣ гирифт.
Ва ба артистҳо унвонҳо доданд, ва Котиби Генералӣ
БАМ – Байкало-Амурская магистраль – Шоҳроҳи Байкалу Амур.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо