ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ордени Ленин гирифт.
Ва дар шонздаҳ сол Котиби Генералӣ он қадар ордену медол гирифт, ки дар сари синааш, аз китф ба китф ва аз хекиртак то ноф, як ангушт ҷойи холӣ намонд, ва пури пур ордену медолҳо овезон буд; ва ӯ ин ордену медолҳоро дӯст медошт, ва бисёр дӯст медошт, ва қатор-қатор овехта ба мошинсарояш мерафт, ва чархзада дари мошинҳоро мекушод, мепӯшид, ва хаста ки шуд, ба курсии аҳории яке аз мошинҳо менишаст, ва аз китобҳояш як нусха ба даст мегирифт, ва ба муқова, ба номи худаш зеҳн мемонд, ва хобаш мебурд.
Ва латифабозон дар кӯчаҳову бозорҳову майхонаҳо нақл мекарданд, ки дар маҷлисе, бино ба тартиб, бояд понздаҳ дақиқа сухан мегуфт, вале ним соат давом кард; ва ӯ ба сари мушовиронаш дӯғ зад, ки коратонро намедонед, ман гуфта будам, ки барои понздаҳ дақиқа нависед, шумо барои ним соат навиштаед! Ва мушовирон гуфтаанд, ки мо ба шумо ду нусха дода будем. Шумо ҳар ду нусхаро хондаед.
Ва сауна1 равад, ҳамон пиджаки пурорденашро пӯшида меравад; ва дар оғози соли ҳабдаҳуми давлатдорӣ, дар сауна, ба ҳамсафони наздикаш арзи дил кард:
– Фаромӯшхотир шудаам. Ба истеъфо меравам.
Ва ҳамсафон медонистанд, ки вай гоҳо номи худашро ҳам фаромӯш мекунад, ва худи ӯ ба онҳо даркор ҳам нест, ва аз бесалоҳиятиҳояш безор шудаанд, валекин аз мансабҳойи худ дил канда наметавонистанд, ва метарсиданд, ки ба ҷойи вай одами нав биёяд, онҳо мансабҳоро аз даст медиҳанд, ва аз ҳама имтиёзҳо маҳрум мешаванд; ва аз чаҳор тарафи ӯ нишастанд, ва таъриф карданд:
– Шумо доҳии мо. Шумо имрӯз доҳии пролетарҳойи ҳамаи рӯйи ҷаҳон. Шумо роҳбари хирадманди ҳизб ва давлати бузург Иттиҳоди Шӯравӣ. Шумо устоди ҷавонон.
Шумо ба истеъфо равед, ҳоли пролетарҳойи ҷаҳон, ҳоли
Сауна – ҳаммоми финҳо. Бе об гарм мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо