ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ҳизби коммунистӣ, ҳоли давлати абарқудрати шӯравӣ, ҳоли ҷавонон, бинокорони коммунизм, чӣ мешавад? Не, ин хаёлро ба саратон роҳ надиҳед. Ҳаргиз роҳ надиҳед!
Ва ӯ чунин хаёлро дигар ҳаргиз ба сараш роҳ надод.
Ва ҳамсафон дигар дилпурона дар курсии мансабҳойи баланд менишастанд, ва аз ҳама имтиёзҳо бо ронандаҳойи хизматгор, ҷондорҳойи ҳушёру тайёр, мушовирони ҳозиру нозир, хонаҳойи ашрофнишин, кӯшкҳо дар мавзеъҳойи хушҳавойи беруни шаҳр, дӯконҳойи хоса, тамаъкороне, ки мунтазам дастовезу тӯҳфаву пешкашҳо мебиёранд, – зиёду барзиёд бархурдор буданд; ва миннатдор буданд аз ӯ, ва орденҳойи нав ба нав мехостанд барояш бидиҳанд; ва дар пеши бари вай ҷойи холӣ набуд, ки орден часпонанд; ва машварату маслиҳат карданд ва ба қароре омаданд, ки ҷарроҳи беҳтарин ёбанд ва он ҷарроҳ қафаси синаи ӯро бикшояд ва васеъ бикунад; ва бо пули тилло аз Амрико ҷарроҳ оварданд, ва…, ва ӯ аз тахтаи ҷарроҳӣ дигар барнахест.
Ва Котиби Генералии нав фаъолияташро аз Бозсозӣ1 сар кард ва Қарор баровард, ки «бебарориҳойи кори мо аз машруботхӯрист», ва истеҳсоли машрубот ва фурӯши машруботро маҳдуд кард, ки минбаъд, ба тадриҷ, тамоман барҳам медиҳад; ва чандин заводи машруботро бастанд, ва чандин миллион шишаро шикастанд, ва садҳо ҳазор гектар токзорро решакан карданд; ва роҳбарони баъзе шаҳрҳо ва баъзе районҳо ва баъзе коллективҳо, бо шиори «қарори ҳизбро дастгирӣ мекунем», шаҳрашон ва районашон ва коллективашонро «шаҳри ҳушёрон, райони ҳушёрон, коллективи ҳушёрон» эълон карданд; ва ҳолу моли мулк рӯ ба беҳбудӣ наовард, ва қонуншиканӣ, бесарусомонӣ, авбошӣ, мансабфурӯшӣ, ришвахӯрӣ, бемасъулиятӣ, кам нашуд, зиёд шуд. – ва машруботро дар хонаҳову таҳхонаҳо тайёр мекарданд, ва аз райони ҳушёрон ба райони дигар гузашта шароб мехӯрданду мастӣ мекарданд, ва аз шишашиканӣ давлат миллиардҳо сӯм зарар дид, ва замини токзорҳо бекор монд.
Ислоҳот мувофиқтар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо