Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ба муроди ҷаҳони капиталистӣ буд чунин вайронкориҳо, ва Котиби Генералӣ аз онҳо дарс мегирифт, ва онҳо «ноаён ва муназзам ва мунтазам», ӯро тарафи базаҳкорӣ тела медоданд, ки худаш бехабар мемонд. Ва капиталистҳову сиёнистҳо, ки мубаллиғонашон ба ӯ роҳ нишон медоданд, ба вай нагуфтанд, ки «тартиботи сотсиалистиро вайрон бикун!», ва нагуфтанд, ки «Иттиҳоди шӯравиро барҳам бидеҳ!», не!, гуфтанд, ки «тартиботи демократӣ ҷорӣ бикунед, озодии сухан бидиҳед, ва роҳбаронро таъин не, интихоб бикунед, ҳама мушкилҳойи давлататон осон мешавад». Ва ӯ қабул кард, ва дар съезду пленуму машваратҳо масъала бардоштанд, маърӯза шуниданд, маъқул донистанд, Қарор бароварданд; ва мамлакат пур аз ҳизбҳойи демократихоҳ шуд, ва рӯзномаҳойи ҳизбиву хусусӣ ба майдон баромад, ва акнун роҳбарон аз боло таъин намешуданд, аз поён интихоб мекарданд.
Ва коммунистоне, ки аз мансабҳойи баланд афтида буданд ва мансабхоҳоне, ки ба сафи коммунистон қабул накардаанд, як шуданду ҳизби демократӣ таъсис доданд, ва ба майдони сиёсӣ даромаданд, ки «ҳизби коммунист яккаҳукмрон аст, ва давлате, ки як ҳукмрон дорад, давлати истибдодист, ва озодии шахсу озодии сухан надорад, ва бояд ба истеъфо равад». Ва дар Тоҷикистон ҳизби коммунист ба истеъфо нарафт, ва ҳизби демократ, ба тариқи эътироз, гуруснанишинӣ эълон кард, ба умеде ки таъсире бирасонад, ва ҷомеъаи ҷаҳон тарафашро бигиранд, валекин ба ҳизби коммунистӣ таъсире накард, ва ҷомеъаи ҷаҳон ҳам чандон эътибор надоданд.
Ва дар райони Шаҳритус ба муқобили як раиси колхоз маҷлис даъват карданд, ва масъала гузоштанд, ки раиси нав интихоб бикунанд; ва аҳолӣ, дар вақташ шаст сол пеш, аз водиву дараҳойи гуногун ба ин ҷо омада буданд ва ё оварда буданд, ва ҳар гурӯҳ одами маҳали худашро пешниҳод кард, ва ба ҳамон одам овоз дод, ва ҳеҷ кадоме аз номзадҳо панҷоҳу як дар сад овоз нагирифт, ва ғавғо бархест, ва гурӯҳҳо аз якдигар қаҳрӣ шуданд, ва даҳ шабу даҳ рӯз аз дара омадагиҳо хонаву дари аз водӣ омадаро сангборон карданд.

пешина
аз 435
навбатӣ