ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар Академияи илмҳо, дар маҷлиси интихоби академикҳо, ҳамон одамоне академик интихоб шуданд, ки аз маҳаллаашон овоздеҳи бештар доштанд…
Ва дар фазойи ҷумҳурӣ ҳавову ҳаваси маҳалбиниву маҳалшиносӣ, ҳадафҳойи миллиро бо суръат пахшу парешон мекард.
Ва сиву ҳашт ҳазор аъзойи комсомол, яъне сиву ҳашт ҳазор ҷавони бардаму фаъол, касбу ҳунари муайян ва ҷойи кор надошт, ва аз «бекорӣ кадукорӣ» карда мегашт, ва дар як вилоят сесаду панҷоҳу ҳашт кӯдак аз модар норасидаву носолим таваллуд шуд, ва ҳаштоду як зан бача партофт, ва чилу нӯҳ кӯдак беҷон ба дунё омад.
Ва Дилмурод, судияи суди вилоят, дар долони дарози ҳукумат, ҳангоми дарову буро, медид, ки дастандаркорон бо шавқ сӯҳбат мекунанд ва бо завқ механданд, ва ғам мехӯрд, ки «чӣ тавр ба дилашон меғунҷад?!»
8 Ва ободии мулк аз фозилон ва олимон ва адибон ва вазирон аст, ва агар фозилон сабукфикр ва олимон дурӯя ва адибон ҳунарфурӯш ва вазирон мансабпараст шаванд, онҳо ба ақидае устувор нестанд, ва ба ғояе садоқат надоранд, ва агар коммунист шудаанд, коммунисти дурӯғин ҳастанд.
Ва СССР-ро ҳамин гуна одамон вайрон карданд.
Ва гуфтанду навиштанду тарғиб карданд, ки дар даврони ҳукумати шӯравӣ ҳам озодии сухан буд, вале дар даҳон ва дар коғаз буд, на дар амал, ва дар амалҳо ҳар кас гапи ҳақро гӯяд, таъқиб мекарданд, ҳабсу бадарға мекарданд; ва акнун замони фошгӯйӣ фаро расид, ва минбаъд озодии сухан дар амал аст, на дар қарору қоғаз, ва акнун ҳар кас, ҳар андешае, ки дорад, фошофош, бе ҳеҷ мамониат, гуфтан гирад. Ва дар замони режими коммунистӣ Интихобот, бино бар ҳуҷҷатҳо, озоду ихтиёриву баробарҳуқуқӣ буд, валекин дар рӯзгор фармониву маҷбуриву беҳуқуқӣ, ва ҳизб ҳар касеро хоҳад, ҳамонро вакил интихоб мекард, ва ҳар касе маъқулаш бошад, ба ҳамон мансаб медод, ва шӯроҳо ба ном шӯройӣ, дар асл таъинӣ буданд, ва аз номи халқ қарорҳо мебароварданд, ва дар асл ба фикри халқ касе парвое надошт; ва акнун демократӣ зистанро бояд ёд гирифт, ва тақдири халқро бояд ба дасти худаш дод, ва бигзор, худаш вакилонашро ном барад, интихоб бикунад, ва роҳбаронашро худаш хоста бигирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо