Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва бо фотиҳаи Котиби Генералӣ, ки дар бунёд фотиҳайи идеологҳойи сионизму империализм буд, ва сиву панҷ сол боз «ноаёну муназзаму мунтазам» аз гуфтор ба феъл меомад, фошгӯйӣ вусъату қувват гирифт, ва маълум шуд, ки сотсиализм саду як қабоҳат доштааст, ва аниқ намекард, ки қабоҳатҳойи мавҷуда кори коммунистони зоҳирбину дурӯғин аст ва ҳамаи онро ба гардани илми коммунизм мепартофт, ва авоми аз таги гап бехабар бовар мекард, ки коммунизмаш як тартиботи беҳуда ва ба зарари мардум будааст.
Ва интихоботҳойи Озод мавҷ зад, – директори заводро коргарон интихоб мекарданд, котиби райкомро коммунистон интихоб мекарданд, вазирро заҳматкашон интихоб мекарданд…, Ва вакилони Шӯройи Олии СССР, ки бо ҳамин тартиб интихоб шуданд, дар сессияи Шӯройи Олӣ қарор қабул карданд, ки «Ба конститутсия тағйирот дароварда шавад, ва ҳизби коммунистӣ дигар ҳизби ҳукмрон нест…»
Ва Котиби Генералиро Президент интихоб карданд.
Ва дар бисёр ҷумҳуриҳо котибони якум Президент шуданд.
Ва ҳоле рафт, ки давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, дар лаби ҷари фалокат амонат меистод.
Ва понздаҳ Ҷумҳурии шӯроийи сотсиалистӣ понздаҳ Президент интихоб карданд, ва Президенти СССР бекор ва бедавлату бесиёсат монд.

пешина
аз 435
навбатӣ