Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар вақташ, дар моҳи декабри соли як ҳазору нӯҳсаду бисту ду, Ҷумҳуриҳойи Фароқовқоз, Украина, Белоруссия ва Руссия съездҳо гузарониданд ва шартнома бастанд ва СССР-ро таъсис дода буданд; ва дар моҳи декабри соли як ҳазору нӯҳсаду наваду як Президентҳойи Руссия, Украина ва Белоруссия дар макони хилвате сари дастархони кабобу шароб нишастанд, ва аз он шартнома, ки муассис буданд, рӯ гардониданд.
Ва СССР дар як шаб титу пора шуд.
Ва Ҷумҳуриҳое, ки солҳойи дароз барои Истиқлол ҷаҳду талош доштанд, Истиқлолият гирифтанд.
Ва Ҷумҳуриҳое, ки бо фароғат мезистанд, ба онҳо Истиқлолият доданд.

30.09.2010.
Дафтари панҷум

ДУ МИКРОФОН ДАР ДУ МАЙДОН

Ин халоиқи имрӯза на чун халоиқи пешинаанд, ки замонаи бешармону беадабон ва бераҳматон аст. Ва, наъузибиллоҳ, агар султон,
андар миёни эшон, заифу беқувват бувад, бешак, вайронии ҷаҳон бувад… Ва ҷаври султон,
филмасал, сад сол, чандон зиён надорад, ки яксола ҷаври раият бар якдигар.
Муҳаммади Ғазолӣ

1 Ва ҷумҳуриҳойи мустақил тартиби иқтисоди давлатиро маҳкум карданд, ки роҳи пешрафтро мебандад ва оқибаташ қаҳтиву гуруснагист.
Ва роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифтанд, ки мардумро фаъол мекунад ва фаровониву сериву пурӣ мешавад; ва шиори бародариву баробарӣ бекор шуд, ва аз нав ҷомеа ба шоҳу гадо тақсим гардид.
Ва СССР, ки як ҳизбу як марказу як сиёсату як минбару як роҳу як мақсад дошт, номаш дар як шаб аз харитаи ҷаҳон ғайб зад.
Ва дар як гӯшаи дурдасти он хоки бағоят бузург давлати Тоҷикистони мустақил ба харитаи ҷаҳон дохил шуд, ки панҷ ҳизб дар талоши мансаб бархест ва дар ду марказ ҷо гирифт ва се сиёсатро рӯйи об баровард ва аз се минбар се мақсадро тарғибу ташвиқ мекард.
Ва аввал яҳудиҳо кӯч бастанд. Оқибати корҳо ҳанӯз чандон равшан набуд ва дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ воқеияти ба назар намоёне дида намешуд, вале яҳудиён бо тартибу аҳлона ин мулкро тарк мекарданд ва аз тарафи давлат эроду мамониате пеши роҳашонро намегирифт. Пеш ин хел набуд, – яҳудие дили ба хориҷа рафтан дошт, аввалаш, ки нияташро аз ҳама пинҳон мекард ва баъдаш, агар ба хориҷа раваду барнагардад, тамоми хешу таборашро таъқиб мекарданд ва ҷазои маъмурӣ медоданд ва ба ватанфурӯшӣ муттаҳам мешуд.

пешина
аз 435
навбатӣ