ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва акнун Довуди Абдураҳмон, раиси Тоҷикматлубот кушоду равшан дар сенагоги шаҳри Душанбе пойгоҳи муҳоҷирати яҳудиён ташкил дод ва хоҳишмандонро ба рӯйихат мегирифт ва ташвиқот мебурд, ва ба Изроил, ё ягон мамлакати дигар мефиристонид ва аз ҳизби коммунисту аз Кумитаи бехатарии давлат наметарсид; ва ба хотири рафоқате, ки бо Дилмурод аз давраҳойи донишҷӯӣ дар университет дошт, ӯро ба меҳмонӣ даъват кард ва хонаҳои дарун, берун ва таҳхонаҳойи обод ва зербомҳоро нишон дод ва сари мизи ороставу пур аз ҳар навъи ғизову машрубот нишастанд ва Довуд нӯшбод гуфт:
– Ёру рафиқ бисёр, Дилмурод. Лекин дӯст кам. Дӯсти беғараз ва бериё хеле кам. Дар таҷриба дидем. Худатон ҳам дидед дар мавридҳойи душвор муомилаи ёру рафиқонро.
Ман ҳам дидам. Ягона касе, ки ба шароит нигоҳ карда нисбати ман муомилаашро тағйир надод, шумо ҳастед.
Нахандед, рост мегӯям. Ҷойи хушомадгӯйӣ нест. Ман пагоҳфардо меравам. Кӣ медонад, дигар якдигарро мебинем ё не?
Кӣ медонад? Боз дар ин вазъияти имрӯза?!
– Вазъияти имрӯза ҳамон вазъияти дирӯза. Ҳеҷ фарқе надорад.
– Дорад. Хеле фарқ дорад. Бинед, дар мамлакат як ҳодисаҳо шуда истодааст, ки сару ҳисобаш гум. Ба хонаи занбӯр чӯб халонидагӣ барин. Нооромӣ, талотӯб, ғавғо, даъво…
Худатон аз ҳамааш, беҳтар аз ман, хабар доред. Мехонед, мешунавед, мебинед. Ҳоҷат ба шарҳи ман нест. Ман ба шумо як гапи дигарро гуфтанӣ. Гуфтанӣ, ки ҳамин ҳавлии ман бегона нашавад. Барои ҳамин ҳама ҷояшро ба шумо нишон додам. Ҳамин ҳавлиро шумо гиред.
– Довуд, шумо медонед, ки ман ин хел пул надорам.
– Медонам. Лекин дар Вахш ҳавлии хуб доред. Ҳамонро фурӯшед, ин ҳавлиро гиред. Ман ба шумо арзон медиҳам.
Пушаймон намешавед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо