Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– О рӯзгори ман дар Вахш. Ҷойи корам дар Вахш. Ёру дӯстам дар Вахш. Пас чӣ зарурат дорад, ки аз баҳри ҳамаи он бигзарам ва ба Душанбе биёям ва дар ин ҷо ҳавлӣ бихарам?
– Алҳол зарурате надорад, албатта. Аммо замона доим дар як қарор намеистад. Имрӯз зарур нест, фардо зарур мешавад. Хусусан, ба шумо барин одамҳо, ки дар Вахш реша надоранд. Такягоҳ ҳам надоранд.
– Решаи мо молу маконамон. Такягоҳамон давлат ва қонуну қоида. Шумо ягон чизро медонед, ки ба ман равшан намегӯед. Дар Вахш ягон хатаре ҳаст, ки ба мо таҳдид мекунад?
– То чизе набошад, чизаке намегӯянд. Хатар бошад, имрӯз дар ҳама ҷо ҳаст.
Ва пеш аз воқеаҳойи моҳи феврал буд ин сӯҳбат. Ва хеле пештар буд аз ГКЧП1 Ва Дилмурод ба гуфтаҳойи Довуд чандон аҳамияте надод, сабук шуниду сабук фаромӯш кард, ва на ҳавлии Довудро харид ва на барои сарфаҳм рафтан ба мағзи суханҳойи ӯ фикр кард ҳарчанд ки дар пеши чашмаш кӯчокӯч аз рӯз ба рӯз авҷ мегирифт; ва урусҳо, бахусус урусҳое, ки дар вазоратҳо кор мекарданду дар шаҳрҳойи калони Русия пушту паноҳ доштанд, дар роҳи оҳан барои борашонро бурдан навбат меистоданд; ва мардони тоҷик, ки занҳои урус ё украин, ё белорус ва ё немис доштанд, хонаҳояшонро мефурӯхтанду харҷи роҳ ғун меоварданд; ва олимону рассомону рӯзноманигорону коргардонҳойи театру кино, ки дар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна реша ва ё дар Москову Ленинград дӯстони содиқ доштанд, рахти сафар мебастанд.
Ва баъди се моҳ, дар моҳи феврал, шаҳри Душанбе ба ҷунбиш омад, як ҷунбише, ки мардумро тарсу воҳима фаро гирифт, – аз як тараф анбӯҳи ҷавону наврас селвор ба кӯчаҳои калон ва майдонҳо мерехт, ки «мо аз ҳукумат розӣ нестем!»; аз тарафи дигар шаҳрвандон дар ташвишу тараддуд, ки «ин белаҷомҳо ба ҳавливу дарамон зада да-

Государственный комитет черезвычайного происшествия.

пешина
аз 435
навбатӣ