ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
роянд, худамонро чӣ тавр ҳимоя карда метавонем?!»
Ва тӯдаи норозӣ дар қад-қади роҳ тӯдатару тӯдатар мешуд, ва дар гардишҳойи роҳу майдонҳойи сари роҳ воизони баландовоз ваъз мегуфтанд:
– Ҳукумати мо нестанд ин ҳукуматдорон. Агар ҳукумати мо мебуданд, агар ғами халқи худ, ғами мову шуморо мехӯрданд, ҳаштод хонаро бароварда ба ҳаштод оилаи гурезаҳои арманӣ медоданд?! Не, инҳо душманони халқи худ ҳастанд. Мо бист сол навбат меистем, як сарпаноҳ намедиҳанд. Дар як шаб ба арманиҳойи гуреза ҳаштод хона доданд.
Ва тӯдаи одамӣ меҷӯшид, монанди сели баҳор меҷӯшид мағзи сару хуни бадани анбӯҳи ҳақиқатталаб.
Ва шаҳрвандон аз ҳавлӣ ба ҳавлӣ, аз гузар ба гузар ва аз район ба район, гӯш ба қимор буданд, ва аз даҳони дигарон мешуниданду ба гӯши дигарон мерасониданд, ки «балвогарон дар Испечак мошини сабукрав ва дар назди бинойи Кумитаи Марказии ҳизб автобусро чаппа кардаанд; магазини тилловориро шикаста чизу чораашро ба ғорат бурдаанд; як зани урусро аз рӯйи пули калон ба дарё партофтаанд…, ва бошандагони маҳаллаҳо роҳи дарову бурои ҳавлиҳоро бо сангу чӯбу шохи дарахтҳо мебастанд; ва байни худ маслиҳат мекарданд, ки шабона ягон ҳодиса шавад, бо оҳане, ё чӯбе ба батареяи оби гарм бизананд ва ҳамсояҳоро хабардор бикунанд…
Ва анбӯҳи балвогар, гӯё дар пӯсти худ ва дар майдони Кохи Борбад намеғунҷид, – берун баромадан мехост, саддҳоро шикастан мехост, зери по кардан мехост.
Ва се-чор нафар нотиқи фаъол ба тӯдаи пуршӯр муроҷиат карданд:
– Ҳамин шаб масъала ҳал мешавад. Комиссия ба кор сар кард. Фардо натиҷаашро мегӯянд.
– Худи Котиби якум меояд. Ба ҳама саволҳоятон ҷавоб медиҳад. Ҳамин хел маслиҳат шуд. Гурезаҳоро бо самолёт гусел мекунанд.
– Акнун равем хона ба хона. Фардо дар ҳамин ҷо ҷамъ мешавем…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо