Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сурати воқеъаҳо буд ин ҳама шӯру шарр дар хиёбону кӯчаҳои шаҳр, ки мардум медиданд, валекин сираташ аз чашмҳо пинҳон буд, ки фақат маъмурони (эмиссарони) махфикори хориҷӣ медонистанд; ва таҷрибаи бобарори дусаду сесадсола доштанд ин махфикорон, ки давлатҳои мустамликадору мустамликахоҳ пайваста таълим медоданд, тарбия мекарданд ва мефиристоданд ба он ҷое, ки дилашон мехосту фоидае дошту шароити мувофиқ ва баҳонаи муносиб дошт; ва онҳо мерафтанду сабабе меёфтанду қувваҳоеро истифода мебурданду шӯру балвое мехезониданду гурӯҳҳоеро муқобили якдигар мегузоштанду ҷанг меандохтанд ва худашон аз дур истода тамошо мекарданд ва мунтазир мешуданд, ки кай ба муродашон мерасанд; ва халқи як мамлакати ором ба кӯчаҳо баромада шиор партофтаву силоҳ гирифта ва ба гурӯҳҳои зоҳиран золиму мазлум ҷудо шуда, байни худ тухми душманӣ мепошиданд ва мекуштанду мешикастанду месӯхтанд, бехабар аз таги гап ва ғофил аз фитнаи абарқудратони бегона ва фирефтаи пулу моли бедарди миён, ки ба назарашон муфт менамуд.
Ва Солеҳтаксӣ як сари субҳ, аввал дар деҳоти атрофи шаҳри Душанбе, баъд дар районҳои Ленину Кофарниҳон, аз рӯйи қоғази дасташ, одамони даркориро ёфт ва ба дасти ҳар яки онҳо як даста пули қоғазпечро дод ва ҳамон як гапро гуфт:
– Фардо як мошин ҷавонро бурда дар наздики стадиони Фрунзе мефурорӣ. Ҷавонон намуди камбағалона дошта бошанд. Мошинро дар ҷое мон, ки агар ҳодисае шавад, бачаҳоро зуд бор карда бурда тавонӣ. Супориши Волдамир.
Ва худи Волдамир бо се нафар одами номдору дар байни мардум машҳур вохӯрд, ки яке аз мансаб афтида ва дутои дигараш дар курсии мансаб буданд; ва бо онҳо ба машварат нишаст, ва бо маслиҳат ба қароре омаданд, ки «даъвои ба арманҳои гуреза хона додан вазифаашро зиёду барзиёд иҷро кард, – тӯда ба кӯча баромад, ба шӯр омад, ба таҳлука андохт ва алоб даргирифт; акнун пуф кардан ва равған пошидан лозим, ки аланга шавад; ва фардо, бино бар нақша, талабҳо бояд ранги сиёсӣ бигиранд ва шумоён дастёрони фаъолатонро огоҳ бикунед; ва шахсоне, ки ба роҳбарӣ номзад кардаем, фардо ба майдон нараванд.

пешина
аз 435
навбатӣ