ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Онҳоро бояд тӯда даъват бикунаду ба майдон биёварад».
Ва он се нафар номдору машҳур хулосаи машваратро хабар доданд ба дастёрони озмудашон, ки дар байни дастаҳойи авбошу ҷиноятпеша обрӯву эътиборе доштанд.
Ва шаҳр ноором ва мардум дар таҳлука ва бозорҳо холӣ ва дари дӯконҳо баста ва дасти дуздону қаллобон кушода ва рукнҳои давлат фалаҷ буд.
Ва рӯзи дигар котиби якуми ҳизб, ки сарвари давлат аст, ба майдон, ба назди тӯдаи ошӯбгар наомад. Ва раиси комиссияе, ки тӯдаи кӯча интихоб карда буд, ба тӯда ҳисобот дод:
– Арманиҳои гуреза ҳаштод оила не, балки чор оила будаанд, ки дар хонаҳои хешу таборашон фуромадаанд.
Ҳукумат ба касе дар ҷое хона надодааст. Ҳамон чор оиларо шабу саҳар ба ватанашон мефиристонанд.
Ва тӯдаи саргарми моҷаро ба хулосаи комиссия чандон эътибор надод, – қонеъ нашуд, ором ҳам нашуд. Балки имкони қонеъ шудану ором гардидан надоданд ба тӯдаи пурғавғо, – нотиқони фаъол, паси ҳам ва бефосила микрофонро даст ба даст доданд ва аз рӯйи дастури хоҷаҳои пасипарда, ки шаб ба онҳо расида буд, мавзӯи даъворо тарафи дигар тоб доданд, ва истибдоди ҳафтодсолаи болшевиконро таҳлилу танқид карданд ва шиор партофтанд, ки «бас аст яккаҳукмронии коммунистон! Ба мо демократия даркор, озодии сухан даркор, озодии матбуот даркор!» Ва тӯда, ҳарчанд ки ба маъно ва мақсади ин калимаҳо дуруст сарфаҳм намерафт, бо садо, бо ҳойу ҳуй, бо ғавғо ва бо ҷунбише ба мисли туғёни баҳр, дастгирӣ мекард ва даъвои дирӯза фаромӯш шуд:
– Демократия!
– Озодӣ!
– Ҳукумати коммунистҳо ба истеъфо равад!
– Истеъфо!
Ва ҳукумати коммунистҳо, – котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби коммунистӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва Раиси Шӯрои Олӣ, – дасту по гум карданд ва ҷавоби сабабе ба тӯдаи шӯришгар дода натавонистанд; ва аслан онҳо чунин қудрат ҳам надоштанд, чунки байни худашон ҳамфикрӣ набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо