Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва шару шӯри тӯдаи кӯча торафт доман паҳн мекард ва вакилону вазирон ба шаҳриву деҳотӣ ҷудо мешуданд, бозорҳо кор намекард, аҳолӣ метарсид, ки паси шуғлаш биравад; тӯда, ки бӯйи ғолибият ба машомаш мерасид, бино ба нақшаи Волдемар, номбар мекард, ки Раҳиму Ҳакиму Ятим назди мо биёяд, мо ба онҳо бовар дорем, фақат онҳо дарди моро медонанд ва роҳи наҷотро нишон медиҳанд. Ва мошину вакил фиристониданд ва Раҳиму Ҳакиму Ятимро ба майдон оварданд ва сари минбар бароварданд; ва Раҳиму Ҳакиму Ятим гуфтанд, ки роҳбарони имрӯза ҳоли халқро намедонанд, парвои рӯзгори халқ надоранд, гирифтори хешу табори худ шуданд; халқ бечораву бенаво шудааст, намедонад, ки дардашро ба кӣ гӯяд; ҳамаи шумо медонед, мо ҳам медонем, ки ҳоли бад аз ин бадтар намешавад, корд ба устухони халқ расидааст, ки ба кӯча баромадаст, адолатхоҳӣ мекунад; мушкилиҳойи рӯзгор бисёр, масъалаҳойи ҳалталаб аз он бисёртар; бо доду фарёд мурод ҳосил намешавад, роҳи сабаби ҳалли масъаларо ёфтан даркор, дурусташ, шумо аз байни худатон намояндаҳо интихоб кунед, ҳамин намояндаҳо раванд бо ҳукуматдорон гуфтугӯ кунанд, шарту шароитро фаҳмонанд ва бо маслиҳат ба хулосае биёянд.
Ва тӯда, бетартибона, ҳар калла бо овози баланд як нафарро номбар мекард.
Ва онҳоеро, ки мошин фиристода оварда буданд, номашонро аз ҳар тараф бо такрор ба забон мегирифтанд.
Ва рӯихат карданд, иловаҳову ихтисорҳо карданд, ва бо даъвойу ғавғоҳо ба қароре омаданд, ки як раис, ду ҷонишин ва чаҳордаҳ аъзо интихоб бикунанд ва «Кумитаи ҳабдаҳ» унвон бидиҳанд, ва ин кумита ҳамчун вакилони халқ равад назди ҳукуматдорон ва аз номи халқ истеъфойи онҳоро талаб бикунад; вагарна даст ба зӯрӣ хоҳанд зад.
Ва он се нафаре, ки одаму мошин фиристонида ба майдони балво оварда буданд, яке раису дуи дигар ҷонишин шуданд, ва пеш даромаданду аъзоёни кумитаро бурданд ба Қасри ҳукумат.

пешина
аз 435
навбатӣ