Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва аъзоёни ҳукумат, ки ба истилоҳи худашон, аъзоёни Бюройи Сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мегуфтанд ва тақдири мулку миллат ба дасту раводиди онҳо буд, на ҳамчун роҳбари давлат, балки чун як дастаи асирафтода ва гаравбохта, бо аъзоёни кумитаи ҳабдаҳ ба гуфтушунид сар карданд, – ҳукмро Кумитаи ҳабдаҳ мебаровард ва Кумитаи Марказӣ дудила буд, ки розӣ шавад ё не.
Ва дар водии Вахш Дилмурод дар хонааш нишаста аз телевизор чашм намеканд, – боз чӣ хабар медиҳад? Боз дар Душанбе чӣ воқеаҳо шуда бошад?
Ва дар Душанбе моҷароҷӯёну ҳангомахоҳон дар шоҳроҳи шаҳр ғолибона пасу пеш мерафтанд ва ҳавобаландона суханҳо мегуфтанд: автобусу троллейбус намегашт ва корхонаҳо ниму нимкора фаъолият доштанд ва дари мактабу кӯдакистонҳо қуфлу занҷир буд, ва мардум аз тарсу эҳтиёт ба бозору дӯконҳо намерафтанд ва майдадуздон ҳар чӣ ба чашмашон афтод, медуздиданд ва авбошон бо каттагӣ таксисаворӣ мекарданду музд намедоданд…
Ва шоми торик аз телевизор хабару нишон доданд, ки ҳукумат яклухт, – котиби якуми Ҳизби коммунистӣ ва Раиси Шӯройи вазирон ва Раиси Шӯройи Олӣ ба истеъфо рафтанд: ва маросими имзо кардани ҳуҷҷати истеъфоро нишон доданд, – ранги рӯйи роҳбарони давлат кандагӣ ва чашмонашон фурӯ рафтаи бенур ва лунҷҳояшон овезон ва китфҳояшон афтидагӣ; ва дар болои сарашон ду нафару се нафар аз аъзоёни Кумитаи ҳабдаҳ, бо ваҷоҳати пурғуруру таҳдид рост истодагӣ ва назорат мекунанд.
Ва ҳуҷҷати истеъфоро хонданд ва роҳбарии давлатро Кумитаи ҳабдаҳ ба уҳда гирифт ва раиси кумита ба халқ муроҷиат карду ваъда дод, ки «фақат ба манфиати мардум кор хоҳад кард» ва тӯдаи кӯчаву майдонҳо шоду хуррам ба хонаҳошон рафтанд.
Ва ҳамон шаб аз Москов ду десант омад, – як десанти сиёсӣ бо сарварии вазири корҳойи дохилии СССР ва як десанти ҳарбӣ бо силоҳу сипоҳиёни хоса ва яккачину ботаҷриба.

пешина
аз 435
навбатӣ