Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва десанти сиёсӣ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ фуромад, ва сипоҳиёни зудамал мавқеу мавзеъҳойи муҳимро фавран печонида гирифтанд; ва дар шаҳр қуйуди ҳарбӣ эълон карданд, ва қарори Кумитаи ҳабдаҳро нодурусту ғайриқонунӣ бароварданд, ки як тӯдаи балвогар аз кӯча чунин салоҳият надорад, ва ин хел корҳо фақат дар салоҳияти съезд ё ки пленум аст. Ва фардо Пленуми Кумитаи Марказиро даъват карданд, ва пленум Кумитаи ҳабдаҳро гунаҳкор баровард, ки қасди табаддулоти давлатӣ дошт ва сабабгори нооромиву вайронкориву ғоратгарӣ дар шаҳр шуд, ва роҳбарони давлату ҳукуматро пурра барқарор кард, ва роҳбарони Кумитаи ҳабдаҳ ва фаъолони майдони даъвогар ва мухбирони рӯзномаҳоеро, ки хабари истеъфоро чоп карда буданд, аз сафи ҳизби коммунистӣ баровард ва аз мансабҳо гирифт ва аз кор пеш кард ва дар шаҳр ба муддати се моҳ тартиби зисти ҳарбӣ ҷорӣ намуд, ки аз соати даҳи шаб то соати шаши субҳ, бе рухсатнома дар кӯча гаштан, дар идора нишастан ва дар ҷое ҷамъ омадан мумкин нест, ва касе риоя накунад, ҷазойи босазо мебинад.
Ва баъд аз қарорҳойи пленум ба рӯйи ҳукуматдорон хун давид ва сурхӣ пайдо шуд ва сарашон баланд шуд ва дасташон намеларзид; ва роҳбарони кумитаи ҳабдаҳ ранг бохтанд ва пажмурда шуданд ва зориву лоба карданд, ки «ҳизб бе мо зиндагӣ карда метавонад, аммо мо бе ҳизб зиндагӣ карда наметавонем!»
Ва десанти сиёсӣ баргашта рафт ба Москов ва десанти ҳарбӣ дар пост монд.
Ва Волдамир ба хоҷаҳояш телеграммаи рамзӣ фиристод, ки «Хурӯсҷанг хеле хуб гузашт. Тафсилоташ мавқуф ба дидор».
Ва ҳамон солҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ солҳойи имрӯз созу фардо шикан буд, – бозсозӣ мекарданд идеологҳову роҳбарҳо, халқ бо ҳайрат менигарист, ки кадом чизи сохтагиро боз аз нав месозанд ва аслан бозсозияш чӣ маъное дорад? Валекин ба ҳукми бисёрии сарҳойи гарму хунук ва тақозойи «ҳар сареву як савдое» аз паси даъватҳойи бозсозӣ мерафтанд ва тунд мерафтанд, ки «озодӣ нест, озодии сухан нест, озодии матбуот нест, озодии интихобот нест».

пешина
аз 435
навбатӣ