ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳизбҳойи бисёре рӯзномаҳойи зиёде таъсис доданд, ки чӣ будани озодиҳоро шарҳ диҳанд, ба омиҳо фаҳмонанд ва онҳоро «аз хоби гарон» бедор кунанду ба мубориза бархезонанд, ва аз асорати коммунистӣ бираҳонанду ба озодӣ ва ободии демократӣ бирасонанд.
Ва фаҳмонданду бархезонданд дар се райони водии Вахш, ки аҳолияш, ба ҳукми аксарият, аз як вилоят муҳоҷир карда оварда буданд ва калиди савдову кори савдо пурра ба дасти онҳо буд, интихоботҳойи озод гузарониданд, ва аз одамони худашон раиси колхозу директори автобазаву раиси исполком интихоб карданд; ва Дилмуродро ҳамон вақт аз раисии суди район гирифтанд.
Ва аз ҳамон вақт ба минбаъд Дилмурод диду хонду шуниду тамошо кард, дар маҷлисҳо бо чашми худ бидид ва аз рӯзномаву маҷаллаву рисолаҳо бихонд ва аз радиову даҳони мардум бишунид ва аз телевизору кино тамошо бикард, ки ҷамъ мешаванд гурӯҳе ва даъвойи Адолат мекунанд, ки ба забони онҳо демократия ном дорад, ва маҷлисҳо мегузаронанд ва раҳбарҳо интихоб менамоянд бо тарафдории аксарият; ва ин аксарият ҳамеша иборат аст аз авлоде, аз маҳалле, аз водие, ки одами худашонро пешбарӣ мекунанд ва дастгир мешаванд ва бардошта ба курсии мансаб мешинонанд, ва он одам аз уҳдаи иҷройи ҳамон кор мебарояд ё не, барояшон аҳамият надорад, – заруру муҳимаш «кар бошаду кӯр бошад, лекин аз худашон бошад». Ва мардум зоҳиран ба ҳизбҳо, дар асл ба авлодҳову маҳалҳову водиҳо ҷудо мешуданд.
Ва чунин таҷриба собиқаи куҳнаи куҳна дошт, вале ба муқобили СССР ва ғояи сотсиализм чил сол пеш оғоз ёфт.
Ва Вашингтону Лондону Париж якҷо шуданд ва хароҷоти бедареғ мекарданд, ки аз номи демократия мардумро фирефта ба шарру шӯр овардан ва байни қавмҳову халқҳову динҳову давлатҳо тухми низоъ коштан ва мулки сарҷамъеро парешон кардан ва давлати осоиштаеро бесаришта гардонидан, силоҳи буройи ғоявии мост, ки амният ва манфиат ва қудратамонро таъмин мекунад ва аз хавфу хатари касодӣ ва футур рафтан эмин медорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо