Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва бунёдҳойи илмӣ таъсис доданд, ки рӯҳияро тадқиқу таҳлил бикунанд ва пойгоҳҳойи тарғиботӣ барпо карданд, ки майнаҳоро фаро бигирад, ва мактабҳойи ҷосусӣ сохтанд, ки ақлҳоро бихараду истифода бурда битавонад, ва …
Ва баъди чил сол ҳосил бардоштанд, – бозсозӣ ҷорӣ карданд ва сиёсат калавандаву ғеланда шуд, ва меҳвари иқтисодӣ роҳи гардиш тағйир дод, ва ахлоқ аз қолабаш баромад, ва конститутсия аз кор монд; ва садҳо Волдамирҳо дар ҳудуди СССР ба фитна андохтану балво хезондан машғул буданд.
Ва дар сартосари хоки Иттиҳоди Шӯравӣ майли ҷудо шудан ва мустақил будан, аз рӯз ба рӯз меафзуд ва вабо барин доман мегустурд; ва акнун, ба масал, роҳбари районро Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист таъин намекард, балки мардум дар маҷлисҳо бо шӯру ғавғо интихоб менамуданд; ва интихоби вакил ба Шӯройи Олӣ чун пештара, ба дасти ҳизби ҳукмрон набуд, халқ худаш касеро хоҳад, ҳамонро ба рӯйихат медаровард; ва роҳу равиши нав чунон авҷ гирифт, ки аз поёни поён ба болои боло расид ва вилоятҳову ҷумҳуриҳо ба усули роҳбарии президентӣ мегузаштанд, ва ҳатто сессияи Шӯройи Олии СССР рӯзе Котиби генералии кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро бо як қарор ба курсии президентӣ бинишонд.
Ва таги пойи коммунистон замин ҷунбид, – мансаб аз даст меравад, агар чорае набинем! Ва онҳо, коммунистҳое, ки дар Кремл нишаста буданду ҳукм меронданд, ба воҳима афтоданд, ки СССР барҳам хӯрад, ҷоҳу ҷалоли онҳо низ барҷо нахоҳад монд. Ва бино ба одати куҳнаашон, ки ҳар хости неку бад ва ҳар кори оқилонаву беақлонаашонро аз номи халқ ва «мувофиқи талаботи заҳматкашон» ба амал меоварданд, райъпурсии оммавӣ ташкил карданд, ки «СССР ҳамчуноне ки ҳаст, биистад, ё не?» Ва ҳаштоду шаш қисми мардум райъ доданд, ки «чуноне ки ҳаст, ҳамин тавр истодан гирад».

пешина
аз 435
навбатӣ