Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва президентҳойи имрӯза, котибони якуми кумитаҳойи марказии ҳизби дирӯзаи ҷумҳуриҳо, ба ифоқа омаданд, ки «СССР биистад, вале бо баъзе имтиёзҳо ба ҷумҳуриҳо», ва қарор доданд, ки бистуми августи соли 1991 ҷамъ мешаванд ва аҳдномаи нави иттиҳодро имзо мекунанд.
Ва бист рӯз пеш аз рӯзи бистуми август, аввал дар Москва ва баъд дар сартосари мамлакат, хабар паҳн шуд, ки Президенти СССР ба мураххасии мухтасар ба Қрим рафтааст ва ҳангоми рафтан дар аэропорт ба чанд каси наздикаш гуфтааст, ки «сустӣ накунед, сахт истед», ва ин гапаш чӣ маъно дорад, алҳол ғайри худи ҳамонҳо, дигар ҳеҷ кас намедонад.
Ва Волдамир дар идораи Шӯройи Олӣ, дар хонаи қабули меҳмонони олиқадр, дар сӯҳбати хоса, ба Назари Чӯтур гуфт:
– Вақташ расид. Акнун давр даври шумост. Одамонатон бояд ба табаддулот тайёр бошанд.
Ва Волдамир дар се шабонарӯз бо Насрулло дар бӯстонсаройи ҳукумат, бо Диёршоҳ дар боғи Ғалаба, бо Фахрирекет дар тарабхонаи Порт-Саид ва бо Амир-таксӣ дар кӯли Комсомол шабонаву пинҳон, вохӯриҳову зиёфатҳову сӯҳбатҳо ташкил кард ва хулосаи гапаш ҳамон як гап буд:
– Вақташ расид. Акнун давр даври шумост. Одамонатон бояд ба табаддулот тайёр бошанд.
Ва Волдамирҳо хеле бисёр буданд. Ҳамаашон мактабдида ва таҷрибаандӯхта, шаҳди шӯрангезӣ ва ҷангандозӣ ва тамошо ва оштидиҳиро чашидагӣ. Ва алҳол дар кулли ҷумҳуриҳо кор мебурданд ва дар ҷое тирашон ба нишон мерасид, дар ҷойи дигаре хок мехӯрд, – вобаста ба муҳити сиёсиву иқтисодиву иҷтимойӣ ва фаҳму фаросати аҳолӣ.
Ва дар Москов ҳамонҳое, ки президент дар аэропорт дар гӯшашон «сустӣ накунед, сахт истед» гуфта буд, пинҳонӣ маслиҳатҳо карданд ва нақшаҳо кашиданд, ва Кумитаи давлатии ҳолати фавқулодда таъсис доданд, ва бино ба андешаашон мебоист, ки сипоҳу силоҳ ба шаҳр медаромад ва идораҳойи муҳимтаринро зери назорат мегирифт ва Раиси Шӯройи вазирони Русияро ҳабс мекард, ва машварати сарони ҷумҳуриҳову аҳдномаи наву имтиёзҳо худ аз худ барҳам мехӯрд, сохти сотсиалистӣ ва ҳукумати коммунистӣ барқарор мемонд ва президент аз Қрим, аз Давос, ғолибу сарбаланд бармегашт.

пешина
аз 435
навбатӣ