Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва сипоҳу силоҳ ба шаҳр даромад, вале командирон, ки фармони дақиқе нагирифта буданд, намедонистанд, ки аскару танку тӯпашонро ба кадом маҳал бибаранд ва ба кадом кор машғул бишаванд; ва дар хиёбону кӯчаҳо ҳайрон бимонданд, ва анбӯҳи мардум ба дифоъ аз демократия ба майдонҳо баромаданд ва роҳҳойи сипоҳу силоҳро бибастанд; ва Раиси Шӯройи вазирони Русияро ба ҳабс нагирифтанд; ва ин раиси нав ба боми танк баромад, ва парчами Федератсияи Россияро баланд бардошт ва ҳамзамон аз киса варақи коғазе берун овард, ва қароре хонд, ки Россия мустақил аст; ва аъзоёни ГКЧП-ро ҳабс карданд, ва Президенти СССР бекору бедавлат монд ва истеъфо дод.
Ва дар Душанбе, бо ишораи пешакии Волдамир, шахсони боэътимоду дилпураш Насруллову Диёршоҳу Фахрирекету Амиртаксӣ одамони зиёдеро ғун оварда ба кӯча бароварданд, ва тӯда, бинобар супориши гирифтаашон, ғавғо бардоштанд, ки «дар Тоҷикистон демократия нест. Баъзе қарорҳойи демократӣ қабул карданд, вале он қарорҳо як фиреби назар ва як ниқоб ҳасту бас. Дар асл ҳокимият ҳоло ҳам ба дасти коммунистҳост. Коммнистҳо душманони демократия ҳастанд. Мисоли равшанаш он аст, ки ГКЧП-ро дастгирӣ карданд. Демократияро буғӣ карданд. Ба истеъфо раванд коммунистҳо!»

2
Ва сиёсати давлат дар Тоҷикистон, баъд аз путч (исён)
дар Москов, рисолату асолату салоҳияташро гум кард, –
дар даруни Қасри ҳукумат як сиёсат буд, ва дар майдони
пеши қаср, дар берун як сиёсати дигар. Ва андардаруниҳо
талош доштанд, ки ҳукумати конститутсионӣ устувор
бошад ва онҳо дар сари давлат биистанд; ва андарберуниҳо даъво мекарданд, ки конститутсия аз нав навишта шавад ва онҳо ба сари ҳокимият биёянд.

пешина
аз 435
навбатӣ