ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҷанги даҳонӣ ва айбмонӣ аз соат ба соат ва аз рӯз ба рӯз авҷ мегирифт ва гарм мешуд ва аланга мезад, гапгузаронӣ дар ду майдон, – дар ҳалқаи қасрнишинон ва дар тӯдаи кӯчанишинон, ба воситаи ду микрофон, – яке дар Қасру дигаре дар кӯча, аз шартгузорӣ ба фартгӯйӣ табдил меёфт. Ва қасрнишинон дар ҳаллу фасли масъалаҳойи рӯз аз як забон гап намезаданду аз як гиребон сар намебароварданд, – байни худ тифоқ набуданд ва маккориву фиребгариву риёкорӣ мекарданд, ки фалон мансабро фалониҳо неву худашон бигиранд; ва салоҳияти қуввату тавонашон сусту муст мешуд. Ва кӯчанишинон дурӯягӣ надоштанд ва дурӯғ намегуфтанд, ва аз рӯзгор мисолҳойи маълуму машҳур меоварданд, ки ҳама медиданду мешуниданду медонистанд ва сафашон меафзуду қувват мегирифтанд ва фишорашон зӯртар мешуд.
Ва дар боло, дар Қаср, мансабдорон, ба ибораи худашон, аъзоёни номенклатура, ки ҳамеша дар мартабаву вазифаву таъминот, – хонаву мошину магазинҳойи хоса, – имтиёзи зиёде аз дигарон доштанд, ҷамъ меомаданду маслиҳату машварат мекарданд; ва бино ба қойидае, ки роҳбарон бояд аз ҳар водиву вилоят бошанд, то ки адолати мансабдорӣ таъмин бишавад, аъзоёни номенклатура аз ҳар маҳал буданд, ва ҳангоми ба қароре омадан, ба маҳалҳо тақсим мешуданд, ва гурӯҳбозӣ мекарданд, ки дар мақомоти олӣ одами маҳали худро бишинонанд, ва аз ин рӯ ба қароре зид мебаромаданд ва ё баҳонае ёфта, – пояш дард кардааст, фишори хунаш баланд шудаст! – ба маҷлис намеомаданд ва қарор дар ҳаво муаллақ мемонд.
Ва дар поён, дар Кӯча, тӯдаи нишаставу хеставу равандаву оянда, ба болоиҳойи хушлибосу хушнамуду хушгалстуку ришу буруташон тоза тарошидагиву атр задагӣ монанд набуданд. Инҳо намудҳойи гуногуну сару либоси ҳархела доштанд, – кастумпӯшу ҷомадору курткапӯшу ҷинсидору яктакпӯшу галстукдору бегалстуку гиребонкушодаву сарлучу салладору бесаллаву тоқидори береткапӯш буданд ва ба ин майдон низ бо фаҳму фаросати гуногуну ҳархела ғун омадаанд, ва кирдору рафторҳойи гуногуну ҳархела мекунанд, – демократҳо бо фаҳмиши адолатхоҳӣ ва орзуи ҷомеъаи демократӣ ва нишон додани қудрати ҳизби навтаъсисашон; одамоне, ки бо хабари Насруллову Диёршоҳу Фахрирекету Амиртаксӣ омадаанд, медонанд, ки ҳойу ҳуй бикунанд ва ғавғо бардоранд, пули нақде ба дасташон медиҳанд; дойрахабарон ҷабрдида ё ранҷида ва ё даъвояшон аз имконашон зиёдтар, макону майдону маврид ёфтаанд, ки бухси дилашонро кафонанд ва бо овози баланд бигӯянд, ки «роҳи салоҳи корро ман медонам, аммо нодонҳо роҳ намедиҳанд, ки камбудиҳоро ислоҳ бикунам»; ҳангоматалабон парвойи неку бадаш надоштанд ва «ку бубинем, боз чӣ гапҳову боз чӣ ҳодисаҳо мешавад?», буду шуди фаросаташон буд; даҳанйалаҳо тамошо мекарданду хамёза мекашиданд ва ҳеҷ ақлашон намерасид, ки демократҳо аз коммунистҳо чӣ фарқе доранд; авбошон сари синаву мушаки бозуро дамонида пайт меҷустанд, ки баҳонае пеш ояду ба таги манаҳи ину он каси нофорам муште бизананд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо