ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва демократҳо назди микрофон навбат истода ваъз мегуфтанд, ваъзҳойи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоийи дарозу кӯтоҳ мегуфтанд, ки мазмуну маънояш дар як рӯз чил бор такрор мешуд ва фишурдаашу хулосааш тахминан чунин буд:
Ҳукумати Шӯравӣ ҳукумати истибдодӣ буду ҳаст. Аз ин ҳукумат ба мулку миллати мо фақат зарар расидаасту мерасад. Ҳамаи зарарҳо кори дасти коммунистони яккаҳукмрон буду ҳаст. Коммунистон моро аз таърихамон ҷудо карданд. Алифбоямонро ду бор тағйир доданд. Равшанфикронамонро куштанду бадарға карданд, китобҳоямонро сӯзонданд. Дари илмро ба рӯямон бастанд. Рӯзгори халқро талх карданд. Сарватҳоямонро ба ғорат бурданд.
Мулк вайрону халқ ғофилу муфлис шуд. Ҳар балое, ки ба сарамон омад, аз дасти коммунистон омад… Президенти коммунист ба истеъфо равад! Интихоботи коммунистӣ не, интихоботи халқӣ барпо бишавад! Кӣ мекунад ин корҳоро?! Мо, демократҳо, мекунем! Мову шумо мекунем!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо