Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва анбӯҳи одамони ташаббускор ва даъватӣ ва дойрахабар ва ҳангоматалаб ва моҷароҷӯ ва даҳонйала ва авбошу бекорхӯҷа суханони воизонро гӯш мекарданду гӯш намекарданд, ва маънояшро мефаҳмиданду намефаҳмиданд, валекин баробар қиғосу аррос мезаданд:
– Ба истеъфо равад!
– Интихоботи оммавӣ шавад!
Ва президенти коммунист ба истеъфо нарафт, валекин ариза дода аз сафи ҳизби коммунистӣ баромад, ки «ман ҳам як нафар фарзанди ҳамин халқ ҳастам ва ба халқи худам хидмат мекунам»; ва фармоиш дод, ки «дар шаҳр орду гӯшту тухму намаку помидору бодирингу мева намерасад.
Мардум дар азобанд. Хӯрду хӯроки худу фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд. Бинобар он ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе як район ба шаҳр корвони пурбори мошинҳо биёварад ва хӯроквории овардаашонро дар бозор арзонтар аз нархи бозор бифрӯшанд, ки дастархони мардум бе нону намак набошад».
Ва дар шаҳри Душанбе тӯдаи одамон ҳалҳалаву валваларо мавҷ-мавҷ баланд мебардоштанд, ки «коммунистон мулкро вайрон карданд, халқро муфлису саргардон карданд». Ва ба шаҳр молу бор овардан навбати райони Илич буд, ва роҳбарони району колхозу совхоз дар таку дав буданд, ки орд ёбанд, биринҷ ёбанд, гӯшт ёбанд, мевайу чева ёбанд ва бензин ёбанд… ва азбаски район асосан пахтакор буд, орду биринҷро аз магазинҳо ва анборҳойи Тоҷикматлубот гирифтанд ва гӯштро аз фермаи чорводорӣ ҷамъ оварданд, ва тухми мурғро аз комбинати мурғпарварии Чиптӯра хариданд ва нахӯду мошу наскро аз деҳоти даруни адирҳо пайдо карданд, ва картошкаву сабзиву пиёзро колхозҳо доданд, ва помидору бодирингу тарбузро аз ноҳияи Ленин насия гирифтанд, ва бензинро аз як корчалони навбаромад талабиданд; ва бист рӯз тагу боло зада, як бало карда ҳафт мошин бор ёфтанд ва корвон бо тантана ба роҳ баромад, – пеш-пеш як мошини ГАЙИ бо чароғаку зангӯлааш, ва дар пештоқи мошини аввал шиори дароз: «Аз колхозчиёни райони Илич барои сокинони шаҳр», бо ранги сафед дар матои сурх навиштагӣ ва аз дунбол Волгаву Жигулӣ, ки дар дарунаш намояндагони райкому исполком нишастаанд.

пешина
аз 435
навбатӣ