ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва радиову телевизор дар як шабонарӯз се бор – сари субҳ, нисфи рӯз ва ҳангоми шом, ҷор кашиданд, ки «фардо дар бозори Қарияи боло сокинони райони Илич маҳсулоти дастранҷи худашонро барои фурӯш мебароранд. Нархи молҳое, ки онҳо оварданд, аз нархи бозорҳойи шаҳр хеле арзонтар аст».
Ва бошандагони шаҳр аз сари шаб халтаву тӯрбаву ҷуволашонро тайёр карда монданд, ки саҳари барвақт ба Қарияи боло бираванд ва табъи дил харидорӣ бикунанд.
Чунки як сол боз бозорҳои шаҳр бефайзу бебаракату нимхоливу нархҳо гарон шуда буд ва аз рафи магазинҳо орду макарону қанду шакар ғайб зада буд, ва ҳатто перловкаву гречкаву чичевитсаро, ки пештар ғайр аз ошхонаҳо дигар ҳеҷ кас намехарид, ҳоло ба кофтан намеёфтанд.
Ва Бибифотимаву Бобораҳим, зану шавҳар, халтаҳо ба даст, чашми рӯз накафида аз хона баромаданд, – роҳ дур, аз ин ҷо ба он ҷо мошини рост мерафтагӣ нест. Барвақттар расем, дер намонем. Ва ҳангоме, ки онҳо ба фурӯшгоҳ расиданд, мошинҳойи бордор қатор, панҷ метр дур аз якдигар, истода буданд, валекин пардаҳойи брезентиашон кушодагӣ набуд ва дар гирди ҳар як мошин зану марди бисёре ғун омада, рост истода пасту баланд байни худ гап мезаданд ва Бибифотимаву Бобораҳим аз забони ҳамонҳо фаҳмиданд, ки «то калонҳойи шаҳр набиён ва бозорро накушоянд, савдо намешудааст». Ва алҳол аз калонҳойи шаҳр дараке набуд, ва мардум босабронаву бесаброна ва бепарвову дилтангона мунтазир буданд ва аз ин мошин ба он мошин ва аз он мошин ба мошини дигар мерафтанд, гирди мошинҳо чарх мезаданд, ва аз касоне, ки дар болойи мошинанд, ё назди мошин рост истодаанд, мепурсиданд:
– Кай савдо мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор