Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Калонҳо биёянду қабул кунанд, баъд савдо.
– Калонҳо кай меоянд?
– Бояд меомаданд. Ҳозир меомадагистанд.
Ва калонҳо соати нуҳ омаданд. Омаданду ҳамроҳи намояндагони район пардаҳойи брезентии борти оқиби мошинҳоро бардоштанд ва борҳояшро дида барои рӯзномаву радиову телевизион «аз ташаббуси ибратбахши район ва ғамхории беғаразонаи мардуми он ба аҳолии шаҳр», интервийуҳо доданд ва савдо сар шуд; ва калону хурд ва зану мард ба борти кушодаи мошинҳо ҳуҷум карданд, ва дастҳойи ҷониби фурӯшандаҳо бардоштаву дарозшуда дастҳоро тела медоданд… Ва Бобораҳим барои гӯшт навбат гирифту Бибифотима барои биринҷ; ва гӯшти говро гӯё аз конслагер оварда буданд, – устухон, зардчаву зардоб, полтарма, бо вуҷуди ин дар ним соат тамом шуд, ва ба пеш расиду ба ақиб нарасид, ва Бобораҳим дасти холӣ назди мошини дигар ба суроғи Бибифотима рафт, ва Бибӣ низ биринҷ гирифта натавонист, ва ду кило гречка харид… Ва яке мардум саросемаву ҳадаҳа тарафи ҳайкали Сино равон шуданд, ва дар пушти ҳайкал арақ мефурӯхтаанд; ва мошини КАМАЗ пури ящикҳойи арақ буд, ва се ҷавонмарди чусту чолок дасту оринҷ барзадагӣ, сари бод пулҳоро аз дастҳойи ёзондагӣ мегирифтанду шишаи арақро медоданд, ва фурсате чанд нагузашта ҳамаи ящикҳо холӣ шуд, ва мошин газ доду рафт, ва… Ва одамони хурсанд, ки арақ гирифтаанд, бегоҳ ба умед шишаҳоро дар хонаҳояшон кушоданду қадаҳҳоро пур карданд ва ба саломатии якдигар ва ба орзуи рӯзгори серу пур нӯшбодҳо гуфтанд ва нӯшиданд, ва ғайр аз таъми об дигар таъме набуд, ва фиғонашон баромад, ва намедонистанд, ки аламашонро аз кӣ гиранд ва додашонро ба кӣ гӯянд.
Ва демократҳо гуруснагӣ эълон карданд, ки то президент ба истеъфо наравад, онҳо нон намехӯранд. Ва онҳо аз рӯзномаҳо хонда ва аз телевизор шунидаву дида буданд, ки дар дигар мамлакатҳо гуруснашинӣ аз сахттарин эътирозҳост ва матбуоту ташкилотҳойи байналмилаливу ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тарафдории онҳо бармехезанд ва талаботи онҳоро ҳаққонӣ медонанд ва талаб мекунанд, ки ҳақ ба ҳақдор расад.

пешина
аз 435
навбатӣ